
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Донишкадаи молияи ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни “Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он Файзуллозода Заррина – раиси комиссия, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Дӯстов Ҳамрохон Ҷумаевич – аъзои комиссия, мудири кафедраи забони муосири адабии тоҷики ДМТ, Мирзоёров Фирдавс- аъзои комиссия, дотсенти кафедраи забони муосири адабии тоҷики ДМТ, Мулоҷонов Асадулло - аъзои комиссия, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДМИТ, Туғаев Маҳмадсиддиқ - аъзои комиссия, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДФСТ ба номи М. Турсунзода, Дадабоев Ҳаққулмурод – аъзои комиссия, омӯзгори калони кафедраи таърих ва робитаҳои фарҳангии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ва иштирокчиёну кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Озмун хеле диққатҷалбкунандаву шавқовар гузашта ҳар як иштирокчии озмун иброз дошатанд, ки китобҳои Пешвои миллат раҳнамоест барои фаъолияти минбаъдаи онҳо.
Дар хотима ба ҳар яки онҳо ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.