Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муколамаи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Деваштич

Муколамаи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Деваштич

10-11-2017, 10:15
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Муколамаи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва бахши Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуъи «Дастрасӣ ба адолат» бо ҷалби намояндагони фаъоли ҷомеа, алалхусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо занонн ва оила, намояндагони Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак ва Исмоили Сомонӣ, шӯъбаи САҲШ-и ноҳия, нашрияи «Набзи Деваштич», радиошунавоии маҳаллӣ, маркази маслиҳатии ҳуқуқӣ, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Наслии бунёдкор» ва ташкилоти ҷамъиятии «Мақсад» баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар мизи мудаввар натиҷаҳои пурсиши ҷамъиятӣ бобати дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат дар ҳалли муаммоҳои мавҷудаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мақсади баргузории муколама ин омӯзиши равандҳо ва падидаҳои марбут ба ҷомеа буда, ҳадафи он дарёфти роҳу воситаҳои мусоидаткунанда барои беҳтарсозии хусусияти рушди иҷтисодӣ, вазъи иҷтимоӣ ва пешрафти вазъи иҷтимоиёти кишвар буд.
Муаммоҳои зерини аз пурсиши афкори ҷамъиятӣ пешомада мавриди муҳокима қарор дода шуданд, ки инҳо муаммоҳои оилавӣ, зӯроварӣ дар оила, вайроншавии оилаҳои ҷавон, маскуншавӣ, ситонидани алимент, кӯӯмакпулӣ ва нафака барои фарзандон ва шахсони маъюб, гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, саҳми замин ва сертификат, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва полезӣ ва ғайраҳо буда, таклифҳои ҷолиб низ баҳри мусоидат дар ҳалли онҳо низ пешниҳод гардиданд. Махсусан дар раванди муҳокимаи зикршуда, чунин таклифҳо аз қабили гузаронидани муколамаи ҷамъиятӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кумитаҳои маҳаллаҳо барои ҳалли масоили иҷтимоӣ дар маҳаллҳо; баланд бардоштани маърифати оиладорӣ байни ҷавонон; гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳо бо ҷавонон бо иштироки кормандони шӯъбаи САҲШ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; бо дастгирии Ҳукумат, соҳибкорони маҳаллӣ, бонкҳо бунёд намудани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва тавассути додани қарзҳои ипотекии имтиёзноки дарозмуҳлат мусоидат намудан дар таъминот бо манзил; баланд бардоштани иттилооти аҳолӣ оид ба маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон дар марказҳо ва маслиҳатҳои ҳуқуқии мобилӣ пешниҳод гардиданд.

Рухшона Ҷӯраева –
корманди Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: