Маҳфили «Хонадон» дар Деваштич5-03-2018, 10:31
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар хонаи Маданияти маркази ноҳия маҳфили «Хонадон» баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки давраи аввали маҳфил дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуда буд. Дар маҳфил намояндагони ҳамаи Ҷамоатҳо, шӯрои занон, шӯрои маҳаллаҳо, оилаҳои ҷавон, масъулини шӯъбаи маориф ва тандурустӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории ин маҳфил дар амал татбиқ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» инчунин дар бораи ҳимояи давлатии оила, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии зӯроварӣ дар оила мебошад. Дар маҳфил ёрдамчии калони прокурори ноҳия Фурқат Абдуқаюмзода, котиби суди ноҳия Наимӣ Гулноза, муовини сардори ШВКД-и ноҳия Бобоҷон Қосимов, равонншинов-омӯзгор Шараф Зикруллоев, имомхатиби ноҳия Наҷмиддин Бобоҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд. Лоиқ Тӯйчиев корманди КИН ҲХДТ дар ноҳияи |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.