Ид гузашт, ид давом дорад…11-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 636 нафар
Назарҳо: 0
Моҳи мубораки рамазон ҳам бо хушнудӣ гузашт. Як рӯз ид кардем, сари манзили гузаштагон рафтем. Пайвандонро хабар гирифтему беморонро айёдат кардем. Дӯстону наздиконро муборак гуфта, ба кӯдакон харҷӣ додем ва ҳар қадоме аз мо дастархони идона ороста, интизори омадани хешу табор ва ёру дӯстон шудем.
Барои ҳамаи ин мо фақат як рӯз фурсат доштем. Дар бораи рӯзҳои маргу мир ва мотам, ки тарафи дигари зиндагии мост, ҳоло чизе намегӯям, аммо дар мавриди ҷойгоҳи иду тӯй чунин меандешам, ки як далели арзишу аҳамияти ин ду шояд дар ҳамин кӯтоҳ ва мушаххас будани рӯзу соати баргузориашон бошад. Ниҳодҳои расмӣ ҳам бо таваҷҷуҳ ба манзалати идҳои миллию динӣ як ё чанд рӯзро таътил эълон мекунанд. Барои иди Рамазон ҳам як рӯз таътил буд. Аммо… Бозорҳо маҳкам, мардум сарсон Ид чоршанбе буд, рӯзи панҷшанбе бояд корӣ мебуд. Вале дар шаҳр қариб тамоми ошхонаҳо, ки як моҳи рамазон кор накарданд, боз ҳам дарҳояшон баста буд. Яъне мардуми шаҳр ва меҳмонон дар рӯзи ид ва чанд рӯзи пас аз он ҳам ҳолати рамазониро доштанд. Нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ҳоло як сӯ мегузорему ба бозору фурӯшгоҳҳои анвои маҳсулоти дигар назар мекунем. Нимарӯзи панҷшанбе бо чанде аз ҳамкорон хӯроки чоштро хостем берун аз корхона хӯрем. Яке аз ҳамроҳон гуфт, ки «Тарафи Хитой-бозор» меравем, онҷо чанд ошхонаи хуб аст, ҳам ғизо мехӯрему ҳам ман аз бозор чанд чизи барои хона даркорро мехарам». Яке аз ҳамроҳон, ки аз ҳолу ҳавои идонаи Душанбе бохабар будааст, гуфт: - Гумон аст, ки бозору ошхонаҳои атрофаш имрӯз кор кунанд. Ин мо ҳастем, ки реҷаи кор дорем, бозору фурӯшандаҳо тартиби кори худро доранд». Гапи ӯ рост баромад, бозор ҳам маҳкам буду ошхонаҳои гирду пешаш ҳам. Ҷои тааҷҷуб буд, ки наход дастур дар мавриди танҳо як рӯз будани ид фақат ба идораҳои давлат дахл дошта бошад? Аз ҳамкорон нафаре тасалло доду гуфт: - Чун ин ҷо омадем, як сари қадам ба «Ромсар» дароем, нархи навои дару тирезаҳоро мебинему пас аз он ба «Султони Кабир» меравем, он ҳатман кушода аст». Ин ҳамкорамон, ки навхона буд, мо фаҳмидем, ки чизе барои такмили манзилаш дар ин ширкати машҳур фармуданист. Аммо дарвозаҳои ин ширкати овозадор ҳам баста буду дар атрофаш, ба қавле, ҳатто пашша пар намезад. Чун боз ба роҳ баромада ба тарафи бозори «Султони Кабир» ҳаракат мекардем, акнун аз ҳамроҳон бисёриҳо ба маҳкам будани ин маркази савдо ҳам дигар бовар доштанд, ки хато ҳам накарданд. Чун наздик расидем роҳҳои атрофии бозор, ки ба вақти дигар аз мошину одам пур буд, ҳоло аз дур ба назар холӣ расид. Ба ин тартиб, боздиди мо аз маҳали бозори «Ҷал-Ҷам» ва кӯшиши дидани фурӯшгоҳҳои атрофии он ҳам бенатиҷа буд. Ҳама ҷо баста ва ба ҷуз чанд тани нигаҳбон касе дар назду атрофи он набуд. Мо, ки панҷ нафар будем ва ҳар яке аз мо ин вазъиятро ба таври худ шарҳу эзоҳ медод. Аммо саволи асосӣ ин буд, ки масъулияти худсарона истироҳати чанд рӯзи пас аз идро кӣ бар дӯш дошта бошад? Яке аз ҳамроҳон шарҳи худро баён дошт. Ба андешаи ӯ, онҳое, ки дар арафаи иди саиди фитр (ва ҳар иди дигар) нархҳоро боло мебаранду пули чанд рӯзаро аз харидорон ҷамъ меоранд, ба худ ин ҳуқуқро ҳам медиҳанд, ки пас аз ид низ чӣ қадаре, ки хоҳанд бо баҳонаи ид истироҳат кунанд. Аввали сухан сари хӯроки чошт буд. Мо гурусна ба идора барнагаштем. Дар маҳаллаи Чортут (мавсум ба «Советский 1») «Сихкабоби Хуҷанд» даромадем. Воқеан ин ҷо пайи ҳам се ошхона ҳаст, ки ҳар се як навъ ғизо мепазанд ва ҳар се ҳамон рӯз кушода буданд. Бону Истамой, масъули яке аз ин ошхонаҳо гуфт, ки рӯзи ид ҳам кор кардем, муштариёни зиёде омаданд, бисёриҳо бо аҳли оилаашон буданд. Хӯроки фармудаашонро хӯрда боз «раҳмат» ҳам мегуфтанд, дар ин рӯз барояшон хидмат мекунем. Чун пурсидем, ки «Дар Рамазон ҳам кор мекардед?» Гуфт, ки ба эҳтироми дастури Раиси шаҳр аз се кабобпазӣ яке пурра ва ба реҷаи муқаррарӣ кор кард. Мизоҷон, ки кам буданд, мо ва ошхонаи ҳамсояамон бо истифода аз фурсат таъмир гузарондем. Ин бонуи соҳибкор аз саволи барояш шояд барояш ғайриинтизор, ки «Чаро шумо чанд рӯз ид намекунед?» ба назари мо, тааҷҷуб кард ва гуфт: - Ид бо зиёфату хӯришҳояш ид аст, агар ҳама ид кунанд дигар маънои ид ҳам хуб намегузарад. Бинобар ин, дар ид ҳам баъзеҳо бояд кор кунанд. Агар ид мекунем, гуфта ҳама ҷоро маҳкам карда гардем, бо шиками гурусна сайру тамошои шаҳр барои чӣ хурду чӣ калон ба касе намефорад. Андешаи ин бонуи хуҷандӣ ба назари мо дуруст буд. Вале саволи дигаре бароямон беҷавоб аст, ки «Бо риояти дастури шаҳрдорӣ кор кардани ин ошхонаҳо баёнгари чӣ бошад – Масъулиятшиносии соҳибкорони ин ошхонаҳо ё чизи дигар? «Шоҳмансур» ҳам кор намекард Бозори қадима ва машҳури маркази шаҳр - «Шоҳмансур» ҳам дар рӯзи ид кор накард ва чанд рӯзи пас аз ид ҳам агарчӣ дарҳои кушода дошт, аммо аксари раста ва фурӯшгоҳҳояш баста буданд. Як нафар, ки аз вазъ огоҳ буд, ба норозигии мо аз пӯшида будани растаҳои фурӯш гуфт, ки «Имрӯз, панҷшанбе аст, инҳо агар ҳавсала кунанд, рӯзи шанбе ба кор меоянд, агар не, рӯзи душанберо интизор мешавем». Мо зуд ҳисоб кардем, ки сарфи назар аз як рӯз будани ид савдогару фурӯшандаҳои мо 5 рӯз ид мекунанд. Боз ҳамон суханони ҳамкорамон ба ёд мерасад, ки мегуфт: - Инҳо бо гарон фурӯхтани бори худ дар чанд рӯзи пеш аз ид даромади ҳафтаинаро ҷамъ мекунанду дигар бо баҳонаи ид чанд рӯзе хоҳанд дам мегиранд. Аммо Душанбе маркази як шаҳрак нест, балки пойтахт аст ва ҳар рӯз ҳазорҳо нафар набошад ҳам садҳо нафар меҳмон аз дохилу хориҷ дорад. Баъзеи онҳо як ё дурӯза ба ин шаҳр сафар мекунанд. Агар сафари онҳо дар чунин рӯзҳои ид иттифоқ афтад, пас чӣ кор кунанд, чӣ ҷоеро бубинанду аз куҷо савғое бихаранд? Махсусан, дар рӯзҳои гармои тобистон мо хориҷиҳои зиёдеро мебинем, ки дар хиёбонҳои шаҳр гардиш мекунанд. Бозорҳоямон чор-панҷ рӯз кор накунанд, ошхонаҳоямон истироҳат бошанд. Пас меҳмонон чӣ таассуроте аз ин кишвар мебаранд? Идҳои мо дар сол бисёр аст, аммо кори фурӯшгоҳу марказҳои савдо бештар дар рӯзҳои иди Фитру иди Қурбон барои чанд рӯз қатъ мешавад. Дуруст аст, ки ид мекунем, аммо марказҳои хариду фурӯш ва муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ чун соат бояд кор кунанд. «Ашан» ва «Пайкар» ид надоштанд? Яке аз дӯстон, ки аз ноҳияи Шаҳринав омада буд, дар рӯзи дуюми ид телефон кард. Идро муборак гуфт. Шод шудам ва пешниҳод кардам, ки ҷояшро бигӯяд ва якдигарро бинем. Бо таассуф гуфт, ки вақти танг дорад, мехоҳад барои хонавода аз Душанбе савғо харида барад, аммо мутаассифона ҳама ҷо маҳкам аст. Пурсидам, ки «Чӣ мехоҳад бихарад?» Гуфт, ки «Ширинию пӯшоки кӯдакона». Фурӯшгоҳи «Ашан» ба ёдам расид ва нишониашро гуфтам ва телефонӣ фаҳмондам, ки ба куҷо бояд равад. Пас аз ягон соат буд, ки дубора занг зад ва гуфт, ки «Мушкилам ҳал шуд, агар дасти холӣ бармегаштам, дар хона маро намефаҳмиданд». Баъд илова кард, ки «Ин барои шумо, шаҳриҳо ҳама чиз оддӣ аст, аммо барои мо, мардуми музофот ҳар чӣ аз шаҳр мебарем, дигар хел арзиш дорад, ҳам барои калонсолон ва ҳам барои бачаҳо». Дар воқеъ шаҳр бояд ҳамеша шаҳр бимонад ва аз ҷумла дар рӯзҳои ид. Ҳамзамон бо ин ки дар чунин рӯзҳо баъзеҳо ба назди наздикону хешу табор ба ноҳияҳо мераванд, аммо дар назар бояд дошт, ки нафароне ба шаҳри мо меоянд. Чун шуғлеро пеша кардаем, фақат фикри худ на, андешаи дигаронро ҳам бояд кунем. Ин ҷо шаҳр аст… Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.