Мақбул ва номақбул25-04-2018, 15:59
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Кас, вақте ки дар шаҳри калон пагоҳирўзӣ аз хона пайи рафтан ба кор берун меояд, дарҳол дар фикри он меафтад, ки чӣ тавр, бо кадом роҳ ва кадом нақлиёт қулаю бароҳат ва зуд ба ҷойи кораш расад. Албатта, вай роҳи наздиктар ва нақлиёти бароҳаттарро интихоб мекунад ва чун ба ҷойи кор наздик расида, аз нақлиёт мефурояд, агар коргоҳаш дар тарафи муқобил воқеъ гардида бошад, боз андешаи чӣ тавр гузаштан аз хиёбони мошингузар мекунад. Гузаргоҳи зеризаминӣ ва чароғаки роҳнамое (светофор) наздик воқеъ гардида бошад, хуб, бехавфу хатар аз шоҳроҳ гузаштан мумкин, вале агар то расидан ба ин ҳарду масофа дур аст, пиёдагард ҳавсалаи боз 15-20 дақика вақт сарф карда, то ба гузаргоҳ 400-500 метр рафтану бе ташвиш аз шоҳроҳ гузаштанро надорад. Вай пайт ҷуста, бо пайдо кардани андак холигие дар хиёбон таваккалан ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта, худро миёни сели мошинҳои аз ду самт бо суръати баланд ҳаракаткунанда мезанад ва маълум нест, ки аз роҳ сиҳату саломат мегузарад ё зери чархи мошин мемонад. Имрўз зиндагии хушу хуррамона ва ҳам нороҳатии сокинон дар бисёр маҳаллаҳои пойтахт ва шаҳрҳои нисбатан калони мо ба қулай ё ноқулай, созу носоз ба нақша гирифта, бунёд ёфтани инфрасохтори дохилии онҳо, мавҷуд будан ё набудани ҳама лавозимоти зарурӣ барои меҳнату роҳати шаҳрвандон рабт мегирад. Дар муҳите, ки мо зиндагӣ мекунем, бароямон чӣ қулай асту чӣ ноқулай? Дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе сар аз соли 2017 бо ворид гардидани миқдори зиёди автобусу микроавтобусҳо мушкилоти мусофиркашонӣ метавон гуфт, ки пурра ҳал шуд. Яъне, барои сокинони пойтахт рафтан пайи кору таҳсил ва дигар зарурат осон ва хеле қулай гардид. Имрўз ободонӣ, фароҳам овардани шароити қулай ва бароҳат барои сокинони пойтахт, бахусус бачаҳо дар маркази диққати шаҳрдорӣ қарор дошта, ба ин мақсад корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор додани роҳи мошингарди соҳилӣ аз назди корхонаи «Сим-Сим» то ба бозори «Корвон» бори яке аз кўчаҳои калонтарини шаҳр – Неъмат Қаробоевро аз ҳаракати мошин хеле сабук гардонда, ба рафтуомади бемамонияти нақлиёт ва ба таври қулай зуд рафта расидани корафтодагон ба маҷмааи тандурустии «Истиқлол», бозорҳои «Султони Кабир», «Корвон» ва дигар макони лозима мусоидат намуд. Ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир ба сохтмони майдончаҳои бозии кўдакону наврасон, ки таъсири худро ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонда, аз доираи пойтахт берун баромадааст, низ хеле арзишманд аст. Кўдакону наврасон аз назди бинои истиқоматиашон дур нарафта, ба бозиҳои дўстдоштаи худ машғул мешаванд. Майдонча онҳоро аз беҳудагардӣ ва даст задан ба корҳои ношоиста бозмедорад ва ин ба модарон барои пеши чашм, таҳти назорат қарор доштани фарзандони хурдсолашон низ хеле қулай аст. Бо бунёди биноҳои 16-ошёна ва аз ин ҳам баланди то ин замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе беназир, роҳу хиёбонҳои тахту ҳамвор ва боғу бўстонҳои (паркҳо) нав пойтахти ватанамон дар либоси нав ба тозагӣ чеҳра кушода, ба як сайронгаҳи замонавии тамошобоб, макони истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст. Бо ин ҳама метавон гуфт, ки дар пойтахт барои кори пурмаҳсул ва зиндагии шоистаи сокинон шароити қулай фароҳам оварда шудааст. Вале ҳастанд ҳанўз ҳамрадиф ба амалҳои бузурги ободкорӣ бо мақсади неки муҳайё намудани як рўзгору зиндагии ҳарҷониба шоиста, камбудиҳое, ки аз нигоҳи аввал ҷузъӣ тофта, ба эътибор гирифта нашудаанд ва воқеияти онҳо барои шаҳрвандон ноқулайанд. Бигирем ба сифати мисол гузаргоҳҳоро, ки набуданашон дар шаҳри калони пурмошин маънои аз хонаҳояшон имкони берун баромада натавонистани бошандагони шаҳрро доранд. Дар чанд соли охир сохта ба истифода дода шудани гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди бозорҳои «Саховат» ва «Варзоб» мушкили аз роҳ гузаштани корафтодагони бозор ва дигар одамонро осон карда, боиси хурсандии тамоми аҳли шаҳр гардид. Манзур аз ин дар ҳар як маҳаллаи шаҳр сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ нест. Бунёди чунин иншоот дар қиёс ба шинондани чароғаки роҳнамову кашидани хати сафеди гузаргоҳ харҷи бештару заҳмати зиёд металабад. Бино бар ин, дар ҷойҳое, ки нисбатан камодаманду гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва чароғакҳои роҳнамо аз ҳамдигар дар масофаи дур воқеъ гардидаанд, насб кардани боз як чароғаки роҳнамо ҳаракати одамонро бехавф гардонида, ба манфиати кор аст. Шояд гумоне пеш ояд, ки бо зиёд шудани чароғаки роҳнамо дар хиёбонҳои шаҳр ҳодисаи тамбашавии нақлиёт беш аз пеш меафзояд. Албатта, ин истисно нест вале мавриди назар танҳо насби чароғакҳои роҳнамо ба ҳам наздик набуда, мавзеъҳоест, ки ба он зарурат доранд. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз назди Сирки давлатӣ то Корхонаи бофандагии тоҷик («Тоҷиктекстил») масофа аз нигоҳи онҳое, ки ба коре таъҷил доранд ва ё солхўрдаанд, чандон наздик нест, вале дар ин миёна танҳо як чароғаки роҳнамо дар сероҳаи гардиш ба Комбинати гўшт мавҷуд аст, ки дар сурати бо сурх шудани чароғакаш ҳаракати нақлиётро дар хиёбони асосӣ бастани он ҳам, гузаштан аз як тараф ба дигар тараф барои пиёдагардон хеле хавфнок аст, зеро чароғаки роҳнамо нақлиёти аз самти дигари паҳлуӣ, муқобили хиёбон, аз тарафи боло ояндаро манъ намекунад. Солҳост, ки кормандони Нашриёти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарқи озод», воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ки редаксияи аксар рўзномаю маҷалла ва ҳафтаномаҳои давлатию хусусии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар бинои он ҷойгир шудаанд, дар гузаштан аз як самти хиёбон ба дигараш душворӣ мекашанд. Барои онҳое, ки аз маркази шаҳр ва дигар канораҳои самти шарқӣ ба кор меоянд ва ё бегоҳӣ аз кор баромада, ба ғарб мераванд, агар аз миёни нақлиёти бесару нўги думи ба дум бо суръати баланд дар ҳаракат хиёбонро бо таваккал убур накунанд, лозим меояд, ки масофаи зиёдеро тай карда ба ҷойи кор ҳозир шаванд: ё то гузаргоҳи зеризаминии назди бинои Сирк раванд ва ё аз зери пули болои дарё ва ҳам роҳи нави дигари пурхавфу хатари соҳилӣ гузаранд. Роҳи нави соҳилӣ гуфтему манзараи суръати баланд ва хавфноки ҳаракати нақлиёт пеши назар омад. Дар ин роҳ чароғакҳои роҳнамо ба шумор каманд ва кормандони нозироти давлатии автомобилӣ низ ба нудурат дучор мешаванд. Аз ин рў, ронандаҳо мошинҳои худро бо ҳар суръате, ки хоҳанд, метозонанд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 51, дар гузаргоҳи якуми кўчаи Неъмат Қаробоев, мактаббачагони зиёде аз соҳили шарқии дарё таҳсил доранд. Гузаштан ба онҳо аз роҳи соҳилии назди пули оҳанине, ки бо он рафтуомад мекунанд, хеле ноқулай ва хавфнок аст. Дар ин ҷо чароғаки роҳнамо нест ва ронандаҳо ба хатҳои сафеди рўйи роҳ ба нишони гузаргоҳ беэътибор, ҳаракати мошинашонро суст накарда, ба одамон фурсати гузаштан ҳам намедиҳанд. Аз сарфакорӣ дар истифодаи қувваи барқ такрор ба такрор ҳарф мезанему мувофиқ ба гуфтаи худ амал намекунем. Барқро аз барои равшан кардани торикӣ шабона истифода бурдан қулаю дар рўзи равшан нокулай аст. Дар ҳоле ки мувофиқ ба гуфтаи шоҳидон боғи ба номи қаҳрамон Мироненко шабона ғарқи торикист, дар нимарўзи равшани офтобӣ бисёрҳо дидаем, ки чароғҳо дар ду тарафи хиёбони Саъдии Шерозӣ «гирёнанд». ғ Ба ҳамин монанд фикр накарда, ки на ҳама ҳар бор ба шустани палосу қолини хонаи сербачаи тоҷик дар химчистка ва ё мошиншўйхонаҳо дасти расо дорад, облўлаҳои саҳни ҳавлии биноҳои баландошёнаи истиқоматиро мебурем. Ба ҳамин монанд ба биноҳои истиқоматии баландошёна дар 24-соат ҳамагӣ 10-11 соат об медиҳем, ки ин барои истиқоматкунандагони ин биноҳо хеле ноқулай аст. Ҳоло, ки аз боло гузоштани манфиати ҷамъиятӣ бар манфиати шахсӣ аз минбарҳо садо баланд мекунему бар хилофи ин ба хусусигардонии моликияти ҷамъиятию давлатӣ авлавият медиҳем ва «ин аз ману он аз ту» гуфта, атрофи ҳавлию бўстонсарой, мактабу кўдакистон, замини иҷора, чарогоҳҳо ва ҳатто чашмаҳои кўҳистонро бо панҷараҳои оҳанин мебандем, фикр намекунем, ки ин панҷарабандиҳо роҳи моро то манзили мақсуд дуру дуртар мекунанд ва ба девори озодии мо рахна мезананд. Воқеан, кай мо қулайро аз ноқулай фарқ карда метавонистагӣ, қулайро бар ноқулай боло мегузоштагӣ мешавем? Н. Худойбахшов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.