Иқдоми идонаи «Кӯҳкор»13-06-2018, 09:56
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи Иди фитр ва поёни моҳи шарифи Рамазон ташкилоти ибтидоии «Кӯҳкор» ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи амалӣ кардани дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хайрияеро ба иҷро расонд. Тавре аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ хабар доданд, раиси ин ташкилоти ибтидоӣ Раҳим Санад Асо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии шуъбаи маорифи ноҳия рӯзи сешанбеи гузашта ба беш аз 20 нафар ятимон – хонандагони мактабҳои ноҳия кумаки хайрия расонданд. Бастаи кумакҳои ғизоии ба ниёзмандон тавзеъшуда иборат аз орд, биринҷ, равған, шакар буд. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муҳриддин Ғафуров дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор шуд, ҷамъомадагонро бо поён ёфтани моҳи Рамазон ва омад – омади ид табрик карда, ба ниёзмандон рӯзгори ободу хониши бобарор орзу намуд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба касони бепарастор ва камбизоат бахше аз фаъолияти барномавии ҲХДТ ва аз аҳдофи давлатӣ буда, ташкилотҳои ҳизбӣ дар ин замина бо мақсади иҷрои нақшаҳо барои таъмини ҳифзи ичтимоӣ ва коҳиши камбизоатии мардум амал мекунанд. Сипас чанде аз ятимбачаҳо ба сухан баромада, ба онҳое, ки дар ин амали хайр саҳм гузоштаанд, арзи сипос карданд. Бачаҳо ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ бо хониши хубу аъло таҳсил кунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.