Бо гузаштаҳо пайваст20-10-2017, 11:36
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Умри одамӣ ҷовидон нест. Меоему меравем. Меоянду мераванд… Дар оғози ин ҳафта хабари марги ҷигарсӯзи муаллими ҳамдеҳаамон Зубайдулло Салимов расид. Ӯ марди одӣ буд ва агар дар ноҳия кам касон ӯро мешинохтанд, дар ҳудуди ҷамоати Роҳатӣ, ки аз пурнуфустарин ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ (дар гузашта ноҳияи Ленин) аст, бисёриҳо, махсусан бузургсолон мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Ин шинохт ба он далел аст, ки ӯ дар тӯли умр танҳо омӯзгорӣ мекарду ба ҳазорон нафар назокату нафосати фани физикаро меомӯзонд. Дар баробари ин як муддат раёсати шӯрои маҳалларо ҳам бар уҳда дошт. Хабари нохуши марги устод хотираҳоеро аз солҳои 70 асри гузашта, дар ёди ман ва ба эҳтимол дар зеҳни дигар шогирдони баҳуши собиқаш бедор кард. Фанҳои дақиқ, дар солҳои мактабӣ тавре маълум на ба ҳама хушоянд аст. Барои қариб 60 нафар ҳамсолони мактабии ман ҳам чунин буд ва онро ба сахтӣ мешунидем. Гоҳе муаллим ошуфта мешуд ва мегуфт: - Бачаҳо шумо ин фанро бояд қадрашро донед ва ба дарс хуб гӯш диҳед. Ин фан дар оянда барои зиндагииҳар кадоми шумо ба кор меояд. Чун медид, ки мо давоми гапро мехоҳем шунавем, бо нармӣ ва боз ҳамбоитминон шарҳ медод: - Ҳоло бинед, дар деҳа фақат як ё ду телефон аст ва аз он якеаш дар мактаб, аммо рӯзе мешавад, ки ҳар яке аз мо дар кисаҳоямон бо чанд телефон мегардем. Бо роҳи дур ва ҳар куҷое бошем, гап мезанем. Мо механдидем, ӯ бо ҳамон ҳавою ҳавас, вале боз ҳам ҷиддӣ давом медод: - Дар оянда одамон бо истифода аз пешрафти илми физикаю илмҳои дигар аз телевизор якдигарро мебинанду бо ҳам гап мезананд. Ана ин гап дар ҳақиқат хандаи мо, бачаҳои 15-16- соларо меовард. Агарчӣ рӯ ба рӯ бо муаллим гапи диламонро ба забон намеовардем, вале дар танаффус бо якдигар ҳатман мегуфтем, ки муаллим аз ҳад гузаронда бисёр воҳима мекунад. Аммо муаллим дар лаҳзаи баёни ин пешгӯиҳояш худ ҳаловат мебурд ва дар чеҳраи ҳамеша ҷиддии ӯ лабханд ҳувайдо мегардид. Муаллим Салимов аз ҷумлаи муаллимоне буд, ки ҳеҷ гоҳ ба шогирдон сухани бад намегуфт (ба ҳар ҳол ман, ки аз мактаби дигар омада будам ҳолати таҳқиру бадгӯии ӯро дар ёд надорам), вале бо ҳамон ҷиддияти ба шахси худ хос шогирдони сатҳу фаҳми гуногунро идора мекард. Боре дар охирҳои синфи даҳум хонданамон дар омади гап аз аҳли синф пурсид, ки «Кӣ ба куҷо ба хондан меравад ва дар оянда чӣ касберо интихоб мекунад?» Дар вақти ин пурсиш махсус ба ҷавоби талабаҳои хубхону пешқадам диққат дод, чун маълум шуд, ки касе фани физикаю математика ва химияро интихоб накард, шояд хотираш озурда шуд, ки ба чанд нафар ва аз ҷумла ба ман рӯ оварда пурсид, ки «чаро ин фанҳоро интихоб намекунед, охир саводи хуб доред ва агар ба омӯзиши ҳар яке аз ин фанҳои дақиқ машғул шавед, ман бовар дорам, нағз мехонед». Агарчӣ аз миёни қариб 60 нафар хатмкардаҳои соли 1975 ба донишгоҳу донишкадаҳо барои омӯзиш дар бахши ҳуқуқ, таърих, забону адабиёт ва кишоварзӣ, техникуму омӯзишгоҳҳо рафтему таҳсил кардем, вале нафаре физикро интихоб карда бошад, набуд. Аммо бо гузашти солҳо бо он ки пешгӯиҳои муаллим ба ҳақиқат табдил меёфтанд, меҳраш дар диламон бештар менишасту ҷой мегирифт ва ҳар гоҳе дар суҳбат бо ҳамсинфон аз ӯ ёдовар мешудем, ҳатман ин суханонро ба ёд меовардем. Дар бачагӣ гумон мекардем, ки муаллим шояд шӯхӣ мекунад ва моро гӯл мезанад. Он вақт ақламон намегирифт, ки насли даврони ҷанг, ки Салимов низ аз он даврон ( таваллудаш соли 1942) буду азобу сахтиҳои рӯзгор бо шири сафеди модар ба ҷисму устухонаш расидааст, хислати дурӯғ гуфтану фиреб карданро надорад. Муаллим дар солҳои душвори нооромиҳо чанд муддат раиси маҳалла ҳам буд ва барои таъмини суботу ҳамдигарфаҳмии ҳамдеҳагон талош мекард. Ин ҳамон солҳе буд, ки дар тамоми деҳоти Роҳатӣ нақши силоҳу ҷойгоҳи гурӯҳакҳои силоҳдорон сахт буд… Наслҳо нав шуданд, мактаби калони ҷамоат, ки шумораи 88- ро дошту ба номи Аҳмади Дониш буд, ҳоло дигар нест (саҳни мактаб тақсим ва ҳавлию хонаҳои шахсӣ шудааст). Дар поёнтари он мактаби сеошёна бунёд гардида, ки зиёда аз 2200 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. Онҷо насли нави муаллимон, аз ҷумла муаллимони фанҳои дақиқ ба шогирдон дарс медиҳанд. …Хабари марги муаллимро саҳар аз радиоузели масҷиди маҳалла, ки садои «эхо» дорад ва намунае аз дастовардҳои физикӣ аст, эълон карданд. Муаллим, ки чанд сол бемор буд, дар 76- солагии умр даргузашт. Бо шунидани ин хабар даҳҳо нафар, ки сабақҳое аз ӯ гирифтаанду насиҳатҳояшро дар зиндагӣ шунидаанд, аз наздику дур ӯро он лаҳза ва ҳоло ба ёд оварда, зикри хайрашро мекунанд. Ба гунае ки ман ҳамин корро кардам. Ба умеде, ки зикри номи ӯ, арҷгузори ба ҳамаи он устодони равоншод ва ҳам бузургсолу барҳаёти мову шумо бошад, ки умриудро сарфи тарбияи наврасон кардаанд. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.