ҲИЗБИ МУТТАҲИДСОЗАНДА БО ПЕШВОИ МАРДУМӢ16-12-2017, 14:27
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форуми ҷавон таҳти унвони “Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ” баргузор гардид. Ин чорабинии хотирмон 15 декабри соли равон бахшида ба 23-солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва ҷамъбасти Соли ҷавонон дар бинои ҶДММ «Кохи Наврӯз» доир шуд, ки дар он Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Бахтовар Сафаров, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону масъулини вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Насимҷон Расулзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии мазкурро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, баҳри муҳайё сохтани ҳаёти арзанда барои ҳар фарди тоҷикистонӣ нигаронида шудааст, дар масири 23-соли фаъолият, комилан дуруст ва устувор будани худро собит намуд. Сипас, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода ба сухан баромада афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва ободиву бунёдкорӣ равона созанд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ аз дастоварду муваффақиятҳои ҷавонон, нақши онҳо дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон суханронӣ намуда, ҷавононро ба илмомӯзиву хештаншиносӣ даъват науд. ҳРаҳмонзода Зоир Файзалӣ низ дар тақвияти ин гуфтаҳо иброз намуд, ки имрӯз аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ Пешвои миллат саҳми ҷавононро дар рушди кишвар ба инобат гирифта, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Умед аст, ки ҷавонони тоҷик аз ин таваҷҷуҳи Пешвои худ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуданро қарзи фарзандии худ медонанд. Дар рафти форум барои хизматҳои шоён, муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва баланд бардоштани обруи тоҷику тоҷикистониён Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошбалтаева бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин як қатор шахсони хизматнишондода, аз ҷумла Ҷӯрахон Бӯриев, Мӯсо Асозода ва дигарон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд. Дар охир ҳунармандони шинохта ва муаррифгари фарҳанги волои тоҷик бо суруду таронаҳои дилошӯб табъи ҳозиринро шод гардониданд. Ёдрас мешавем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева толибилмони Маркази омӯзишии “Империяи дониш” ҳастанд, ки дар озмуни “Кӯдакони нобиға” (“GeniusKid-2017”), ки 3-юми ноябр дар шаҳри Москва доир шуд, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвари ҷаҳон мақоми аввалро соҳиб шуданд. Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бошад, бо қобилияти фавқулода доварони барномаро шигифтзада кард. Ӯ дар муддати камтар аз ду дақиқа 100 шумораи даҳӣ ва садиро бо пешниҳоди ҷавоби дуруст ҷамъу тарҳ кард. Ибодуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.