Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон

Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон

23-02-2017, 09:59
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавононДирӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раъно Бобоҷониён муовини раиси ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурова, Ҷаббор Ахмедов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, рӯзноманигорон ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд. “Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 365 - нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Фаронса, Дания, Ирландия ва ғайра таҳсили илм доранд. Бештар аз 400-нафар ҷавонони Хуҷанд дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд” – иброз намуд, Шариф Шарифзода зимни баромади хеш.
Сипас, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баромади худ, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш соли 2017 -ро ҳамчун Соли ҷавонон пешниҳод намуданд, ки ин боиси ифтихори мо ҷавонони кишвар мебошад. “Наврасону ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ҳифзу ҳимояи Ватан, рушди илму техника, забонҳои хориҷӣ ва ободии диёри хеш равона созанд“ – гуфт, Аҳтам Абдуллозода.
Инчунин дар рафти мулоқоти мазкур донишҷӯён Амирҷон Ӯрунов, Бадриддин Тоҷибоев, Фарангис Махкамова, Ҳилол Султонов, Шавкатҷон Абдувалиев, Санавбар Юсупова, Муродҷон Абдурашидов, Ислом Исмоилов ва Мунирхон Ибодуллоев суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои гуногун саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар охири мулоқот як қатор донишҷӯёни фаъолу ташаббускор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва кӯмакҳои яквақтаи молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: