Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ»

«Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ»

16-12-2017, 13:08
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Декабрь 16, 2017 12:34

ДУШАНБЕ, 16.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабри соли равон дар ҶДММ «Кохи Наврӯз» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ» бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон ва 23-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Форуми ҷавонон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар рушди кишвар ба инобат гирифта, соли 2017-ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон намуданд.

Ҷавонони тоҷик аз ин таваҷҷуҳи Пешвои худ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуданро қарзи фарзандии худ медонанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем».

Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи мазкур дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар самти кор бо ҷавонон зиёда аз 600 барномаи гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор намуда, барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстии ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми назарраси худро гузошт.

Дар анҷоми Форуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ» аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи театрӣ намоиш дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: