
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форум бахшида ба Соли ҷавонон ва 23-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби муттаҳидсозанда бо Пешвои мардумӣ» дар толори ҶДММ «Кохи Наврӯз» баргузор гардид. Дар Форум Муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Р.М., Раҳмонзода З.Ф.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Абдуллозода А.Р.-Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулзода Н.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сафарзода Б.-Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифӣ Ф.-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, суханронӣ намуданд.
Дар анҷом, аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуда, аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи театрӣ намоиш дода шуд.