Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Шафтолузор»

Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Шафтолузор»

21-09-2018, 08:47
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Шафтолузор»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ва Насимҷон Расулзода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо интихобкунандагони маҳаллаи «Шафтолузор» ва донишҷӯёну устодони ДДОТ доир гардид.
Насимҷон Расулзода сухани ифтитоҳи карда, оид ба дастовардҳои ноҳия ҳифзи марзу буми Ватан, рисолати асолати миллӣ, таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ ҳарф зад.
Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Шафтолузор»
Сипас, Зоир Раҳмонзода зимни баромади хеш ҳозиринро ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, табрику таҳният гуфта, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, эълон гаштани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ, ободонию хуррамгардонӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон, кушода шудани сарҳади ду кишвари ҳамсояву дӯст Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суханронӣ намуд. Дар фарҷом сокинони маҳаллаи мазкур барои баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо изҳори сипос намуда, таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: