Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иҷлосияи тақдирсози миллат

Иҷлосияи тақдирсози миллат

23-11-2017, 09:53
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи тақдирсози миллат
Дар толори фарҳангии Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсози миллат» чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Бо чорабинии Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад –раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, сипас сухани табрикотиро муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоҳир Раҳмонзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, раиси ноҳияи Шоҳмансур Ҳакимзода Низомӣ ва иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ Рафиқа Мӯсоева давом доданд. Дар чорабинӣ инчунин маърӯзаи муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва омилҳои таҳкими он дар байни ҷавонон» шунида шуд. Дар охир супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи ҲХДТ барои ғолибони озмуни иншои беҳтарин суръат гирифт. Баъд аз ба итмом расидани бахши сиёсии чорабинӣ барои болидаруҳӣ ва хурсандии иштирокчиён бахши фарҳангии чорабинӣ идома ёфт. Дар он муаллимон ва донишҷуёни Консерватория бо ҳунари волои хеш тамоми ҳозиринро ба ваҷд оварданд. Зикр шуд, ки тамоми хушиву хурсандӣ, осоиштагӣ ва сулҳу субот бо ташаббуси Пешвои миллат ва баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд, конро бояд чун гавҳараки чаш ҳиз кард.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: