Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Мулоқот

19-12-2017, 10:27
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот

Дар ноҳияи Деваштич, бахшида ба Соли ҷавонон ва ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандўзиву сайқал додани малакаи илмиву эҷодӣ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот бо толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур устодону муҳассилини литсейи вилоятии хонандагони болаёқат баромад ва суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои муассисаи худ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол қабл барои идомаи таҳсили наврасону ҷавонони болаёқати вилояти Суғд бунёд гардида буд, маълумотҳо доданд. Алалхусус устодони литсейи зикршуда Ҳикматулло Саидзода ва Баҳром Сироҷиддинов доир ба иштирок ва ғолибияти тарбиятгирандагонашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои ИМА, Малайзия, Фаронса, Руминия, Қазоқистон, Тайван ва ғайраҳо баргузор гардида буданд, ба аҳли толор маълумот доданд. Сипас, намояндагон – ғолибони бевоситаи олимпиадаҳои байналмилалӣ: Шаҳром Имомзода ва Абдулло Хайруллоев ба сухан баромада, оид ба таассуротҳои хеш, аҳамият ва нақши олимпиадаҳои байналмилалӣ дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон, афзун гардидани шавқу ҳавас дар омўзиши илмҳои дақиқ, дўстию рафоқати намояндагони халқҳои ҷаҳон ба ҳамсолони худ иброз доштанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар соли хониши 2016-2017 аз иштирокчиёни умумии олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҳудуди вилояти Суғд 65 нафар толибилмон аз фанҳои математика, химия, физика ва дигар илмҳои дақиқ соҳиби медалҳои тилло ва нуқраю биринҷӣ гардидаанд.
Хонандагон дар рафти мулоқот доир ба шарту усулҳо, ҷараён ва дигар саволҳои ба худ лозимӣ посухҳои зарурӣ гирифта, оид ба болоравии рағбати худ ҷиҳати иштирок дар чунин озмунҳо изхори ҳамақидагӣ намуданд
Сарвар Саидов – роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: