Мулоқот бо ғолибони Олимпиада30-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 348 нафар
Назарҳо: 0
Дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент мулоқоти раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода бо 12 нафар ғолибони Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ аз фанҳои гунонун доир гардид. Раиси кумитаи иҷроия хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва деҳотро бо ин ғолибият муборакбод намуда, ба онҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ орзуҳои нек намуд. Қайд гардид, ки оянда ҷамъиятро ҷавонон пеш мебаранд. Ватани азизи мо ба ҷавонони бофарҳанг, болаёқат, донишманд, забондон ва ихтироъкор ниёз дорад. Вазифаи шумо ҷавонон аз он иборат аст, ки бо дониши хубу аъло хонда, дар оянда созовори номи неки донишҷӯӣ гардед ва мутахассиси хуб ба воя расида барои рушди Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардум хизматҳои арзанда намоед. Дар охир ба 5 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11 Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент супорида шуд. Ғолибони Олимпиада барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба роҳбарияти ҲХДТ изҳори минатдорӣ намуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.