Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Навраси тоҷик дар олимпиадаи илмӣ дар Боку ғолиб гардид!

Навраси тоҷик дар олимпиадаи илмӣ дар Боку ғолиб гардид!

18-12-2017, 16:40
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Навраси тоҷик дар олимпиадаи илмӣ дар Боку ғолиб гардид!


ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10-15 декабр дар шаҳри Боку миёни хонандагони то 16- солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз илмҳои дақиқ- математика, физика ва химия олимпиада баргузор шуд.

Тавре аз Гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В.» хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули Бобохон Ҳафизов, Суннатулло Саидов ва Далер Пиров аз рӯи ҳисоби миёнаи холҳои бадастовардаи аъзои даста ҷои чорумро ишғол намуд. Дар ба даст овардани чунин натиҷа саҳми хонандаи синфи 9 аз шаҳри Душанбе Далер Пиров бо гирифтани 69 хол ва хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Данғара Бобохон Ҳафизов бо гирифтани 21 хол калон аст. Аъзои сеюми даста-хонандаи синфи 7 аз шаҳри Душанбе Сунатулло Саидов 7 хол ба даст овард. Шоистаи таҳсин аст, ки Далер Пиров шогирди Литсеи тоҷикӣ-русии «Хотам ва ПВ» бо бартарияти 20 хол нисбат ба ҷои дуюм, сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардида, ғолиби мутлақи олимпиада дониста шуда, бо ноутбук сарфароз гардонида шуд. Аъзои дигари даста Бобохон Ҳафизов сазовори медали биринҷӣ ва планшет гардид.

Шоистаи зикр аст, ки олимпиадаи мазкур аз олимпиадаҳои фаннӣ бо он фарқ мекард, ки ҳар як иштирокчӣ на аз як фан, балки бояд аз се фан- математика, физика ва химия масъалаҳои нисбатан мушкилро ҳал мекард. Фарқияти дигари олимпиада аз он иборат буд, ки тамоми хароҷоти сафари иштирокчиён ва роҳбарони дастаи Тоҷикистонро худи созмондиҳандагони олимпиада-Вазорати ҷавонон ва спорти Озарбойҷон пардохт.

Ҳамзамон онҳо нисбат ба дастаи Тоҷикистон меҳрубонии зиёд ва истиқболи хосса зоҳир намуданд, ки боиси хушнудии наврасони тоҷик гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: