Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон соҳиби медали тилло шуданд!

Чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон соҳиби медали тилло шуданд!

31-05-2017, 08:14
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон соҳиби медали тилло шуданд!

/АМИТ «Ховар»/. Чор нафар толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон хабар доданд, аз 21 то 27 майи соли равон дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Дар Олимпиада толибилмони зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Молдова, Руминия ва Лаос иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок кард. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1 шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва 3 нафар аз Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи «Ҳотам П.В.» Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷураев аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор иштироккунандагон чойҳои аввалро ишғол карда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки 27 май баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок карда, сухан гуфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: