Оғози даври дуюми олимпиадаҳои фаннӣ дар ноҳияи Вахш14-11-2015, 16:14
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 15 ноябри соли 2015 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Вахш даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон аз забонҳои давлатӣ, олмонӣ ва англисӣ байни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 баргузор гардид. Дар олимпиада зиёда аз 400 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Ҳайати доварон 32-нафар аз ҳисоби кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъин гардиданд.
Олимпиадаро мудири шуъбаи маориф Шаҳноза Холова ифтитоҳ намуда, ба хонандагон муваффақиятҳо хост. Дар ҷамъбаст муайян гардид, ки хонандагони муассисаҳои таълимии №1, 2, 3, 7, 56, 20, 6, 67, 24, 39 ва муассисаи-интернат фаъол буда, ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Ҳамаи иштирокчиёни олимпиада бо дастгирии асотсиатсияи волидону омӯзгорони МТМУ №2 бо хӯроки гарм таъмин карда шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.