Мулоқот бо ғолибон27-12-2017, 12:02
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич, бахшида ба Соли ҷавонон ва ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандӯзиву сайқал додани малакаи илмиву эҷодӣ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот бо толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур устодону муҳассилини литсейи вилоятии хонандагони болаёқат баромад ва суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои муассисаи худ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол қабл барои идомаи таҳсили наврасону ҷавонони болаёқати вилояти Суғд бунёд гардида буд, маълумотҳо доданд. Алалхусус устодони литсейи зикршуда Ҳикматулло Саидзода ва Баҳром Сироҷиддинов доир ба иштирок ва ғолибияти тарбиятгирандагонашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои ИМА, Малайзия, Фаронса, Руминия, Қазоқистон, Тайван ва ғайраҳо баргузор гардида буданд, ба аҳли толор маълумот доданд. Сипас, намояндагон – ғолибони бевоситаи олимпиадаҳои байналмилалӣ: Шаҳром Имомзода ва Абдулло Хайруллоев ба сухан баромада, оид ба таассуротҳои хеш, аҳамият ва нақши олимпиадаҳои байналмилалӣ дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон, афзун гардидани шавқу ҳавас дар омӯзиши илмҳои дақиқ, дӯстию рафоқати намояндагони халқҳои ҷаҳон ба ҳамсолони худ иброз доштанд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар соли хониши 2016-2017 аз иштирокчиёни умумии олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҳудуди вилояти Суғд 65 нафар толибилмон аз фанҳои математика, химия, физика ва дигар илмҳои дақиқ соҳиби медалҳои тилло ва нуқраю биринҷӣ гардидаанд. Хонандагон дар рафти мулоқот доир ба шарту усулҳо, ҷараён ва дигар саволҳои ба худ лозимӣ посухҳои зарурӣ гирифта, оид ба болоравии рағбати худ ҷиҳати иштирок дар чунин озмунҳо изҳори ҳамақидагӣ намуданд Дар хотимаи мулоқоти мазкур муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода аз ташрифи меҳмонону ғолибони олимпиадаҳои илмӣ баёни сипос намуда, қайд кард, бо ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат эътибор ба донишандӯзиву илмомӯзии насли наврас беш аз пеш афзун гардида, имрӯзҳо тамоми имкониятҳо барои ҳавасманд намудани соҳибмаърифату соҳибдонишон муҳайё гардидааст, идрор ва квотаи Президентӣ, Маркази миллии тестӣ, идрори «Дурахшандагон», дар хориҷа таҳсил намудани ҳазорон донишҷӯён, таъминот бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, ғолибият дар озмунҳои байналхалқӣ ва дигар дастовардҳои соҳаи илму маориф нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат ба ояндаи дурахшони насли наврас мебошад. Сарвар Саидов – роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.