Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқболи баланди миллат

Иқболи баланди миллат

21-11-2017, 09:51
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Иқболи баланди миллат
ДАНҒАРА Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара бо ҷалби ҷавонони деҳоти шаҳри Норак ва ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва худи Данғара чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Иқболи баланди миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев, ректори Донишгоҳи Давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ, раисони Кумитаи иҷроияи шаҳру навоҳии номбурда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Раҳмонзода Абдулло ба сухан баромада иброз дошт, ки баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқболи баланди миллати тоҷик буд, ки дар пайи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд. Зимнан, дигар баромадкунандагон низ Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рӯйдоди муҳиме дар таърихи миллати тоҷик ҳисобида, гуфтанд, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи миллати тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоид гузошта шуд. Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистонро, инчунин несту нобуд гардидани миллати тоҷиконро аз миён бардошта, ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ замина гузошт ва ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо дод.
Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ ва ҳисси баланди масъулият ҳамроҳ бо қатъияту матонат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати миллӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Инчунин, аз толор аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо шукргузорӣ аз сулҳу субот суханронӣ намуда, изҳор карданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат ва Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон карда мешаванд, бо донишу малака, нерӯи зеҳнӣ ва амалҳои созандаи худ ҳамеша баҳри ободии Ватан саҳми хешро мегузорем.Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ноҳияи Данғара хотири аҳли толорро шод намуданд.Силсилачорабиниҳо дар ин самт дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: