Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27-10-2017, 08:30
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи  ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26-уми октябри соли 2017 дар толори Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он дар барпо намудани низоми сиёсӣ дар кишвар» баргузор гардид.
Мизи мудавварро Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихиро дорост.
Фарҳод Раҳимӣ дар фароварди суханронии худ илова намуд, ки Иҷлосияи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсат овард ва маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи шуҷоату садоқат ва ҷавонмардии нотакрору дилбохтагии меҳанпарваронааш, ки хоси хилқату табиати ӯст, барои мардуми Тоҷикистон оромиву осудаҳолиро таъмин намуд.
Шуруъ аз Иҷлосияи овозадору тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ то кунун бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ таъмин гашт ва сохтмони азимтарин Неругоҳи барқи обӣ- Роғун амалан татбиқ шуд. Сазовори ёдоварист, ки дар баробари истеҳсол ва истихроҷи нерӯи барқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунанда мубаддал мешавад.
Дар мизи мудаввар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Раиси ташкилоти ибтидоии «Муаррих»-и Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмадӣ Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Зикриё Акрамӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умринисо Казакова, узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Қурбонова ва дигарон сухан намуда, паҳлуҳои мусбати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди музокира қарор доданд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди неруманду шуҷоъ ва фарзонаи миллати тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ба мардуми кишвар сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба армуғон оварад.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз дар Иҷлосияи мазкур барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат заминаи сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва татбиқи қарорҳои Иҷлосия имкон ба вуҷуд овард то ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон амалан роҳандозӣ шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: