Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи тақдирсози миллат

Иҷлосияи тақдирсози миллат

1-11-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи тақдирсози миллат
Дар доираи нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич бахшида 25-солагии Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №2-и деҳаи Хӯштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич чорабинии адабиву маърифатӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комрон Исмоилзода, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов, намояндагони Ҷамоати деҳоти Яхтан, собиқадорони соҳа ва омӯзгорону хонандагон баргузор гардид.
Иҷлосияи тақдирсози миллат
Сараввал аз ҷониби омӯзгори фанни таърих Эркинбой Исоқов маърӯза дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қироат гардида, ҷабҳаҳои асосии он тариқи намоиши расмҳо бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ баҳри ҳозирин шарҳ дода шуд. Сипас аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ бо роҳбарии омӯзгори фанни мусиқӣ Муҳаммадиева Сайёра барномаи адабиву фарҳангӣ гузошта шуда, хонандагон дар дар васфи Пешвои миллат, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ватан-Модар суруди яккахон, рақси гулдухтарон саҳначаҳои тарбиявӣ ва шеъру таронаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо маҳорати баланди эҷодиву фарҳангӣ қироат намуданд. Баъдан аз ҷониби даҳ нафар писарони синфҳои болоӣ баҳри хотирмон гаштани чорабинии мазкур Парчами давлатӣ боло бардошта шуд.
Иҷлосияи тақдирсози миллат
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба омӯзгорону фаъолон ва аҳли эҷоди муассисаи таълимии мазкур сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ ва ба омӯзгорони ҷавоне, ки узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро қабул намуданд бо тариқи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, омӯзгорони ҷавон, ҷонибдорони фаъоли намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», ки дар чорабиниву конфронсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро расонида истодаанд бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич
Саидов С.А
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: