Ҷавонон аз санаҳои муҳим огаҳанд16-11-2017, 11:10
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи таълимоти миёнаи умумии назди Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Президенти ҶТ ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-ум вохўрии муҳассилини синфҳои болоии ин даргоҳи илму маърифат бо намояндагони ҲХДТ баргузор гардид. Илҳомҷон Ҳамидов, мудири бахши кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии КИМ ҲХДТ дар иљлосияи зикр кардида ширкат намуд Ҳаёт ба дўши ин Иҷлосияи таърихӣ вазифаҳои ба ояндаи миллати тоҷик тақдирсозро вогузор намуд. Он марҳалаи муҳимро дар таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз бахшида, барои шурўъи раванди муросои миллї, баҳамоии қувваҳои сиёсї, ва бунёди асосҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошт. Оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии миллати тоҷик, ҳамчун марҳалаи нави фарҳанги сиёсиаш сухан ронда, нисбати нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, сохтани Тоҷикистони навин ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва амалисозии ҳуҷҷатҳои сиёсии дар ин иҷлосияи таърихӣқабулшуда метавон соатҳо ҳарф зад. Сифатҳои волои инчонии ў, вафодорӣ ба қавлу амалҳои хеш, маҳорати гуфтугў бо ҳарифони сиёсӣва садоқат ба миллат имкон доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳи таърихӣба як сиёсатмадори тавоно ва Сарвари ҳақиқии миллат табдил ёбад, ки ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣэътироф шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумори бонуфузтарин сиёсатмадорони олам ворид гардид. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон устуворона рў ба рушд аст ва пояҳои истиқлолияти давлатии худро марҳила ба марҳила боз ҳам мазбут месозад. Сохта ба истифода додани иншооти ҳаётан муҳим, гузаронидани як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣва маърифатӣва дигар иқдомоти зарурӣбарои рушду нумўи кишвар мусоидат намуда, заминаҳои қавии пешрафт ва гулгулшукуфоиро таъмин месозад. Аз ҷумла, эълон намудани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бозгўи таваҷҷуҳи хосаи Раҳбарияти мамлакат ба масоили қишри ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон, фарогирӣва дастгирии онҳо ба омўхтани илмҳои муосир, фароғат, ҷалб намудан ба корҳои муҳими роҳбарикунанда мебошад. Светлана Пирова, директори ин муассисаи таълимӣиброз дошт, ки дар мактаби мазкур тамоми ҷашнҳои милливу давлатӣқайд ва аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Азамат Дўстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.