Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ УМУМИМИЛЛӢ

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ УМУМИМИЛЛӢ

3-11-2017, 09:46
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ УМУМИМИЛЛӢ
Дар маҷлисгоҳи «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 23- солагии қабули Конститутсия ва 25-солагии Иҷлосияи ХY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ чанде аз вакилон ва иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллии кишвар аз номи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ табрик намуда, ҳамзамон қайд кард, ки нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа хеле калон аст. Маҳз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб шуд, ки миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ берун шавад ва марҳила ба марҳила рушд ёбад.
Номбурда дар қатори вакилони ин анҷумани саодатофар номи чанде аз ширкаткунандагони ин иҷлосияро зикр намуд, ки дар инъикоси воқеъбинонаи ҷаласа саҳм гузоштанд. Воқеъан ҳам, дар он рӯзҳои мушкилу ҳассос кормандони соҳаи алоқа, савдо, нақлиёт ва тандурустӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории иҷлосия хизмати шоиста намуданд.
Мавсуф дар идомаи суханрониҳои хеш аз аҳамияти қабули Конститутсияи кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардем. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба амал татбиқ намудани меъёрҳои он, мо ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд устуворона қадам мезанем ва ҳамарӯза шоҳиди дигаргуниву тағйиротҳои нав дар ҳаёти худ ва мардуми шарифи Тоҷикистон мегардем. Ҳамаи ин моро водор мекунад, ки ин санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намуда, баҳри риояи дақиқи қонунҳо ва адолати иҷтимоӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. То зиндагии шоиста насибамон гардад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Фирдавс Мамадалиев паёми табрикии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро вобаста ба солгарди қабули Конститутсияи кишвар ба самъи ҳозирин расонд. Дар табрикоти раиси шаҳр зикр шуда, ки таърихи 23 солаи татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ба шароити кунунии тараққиёти ҷомеа мусоидат намуда, дар оянда низ барои таҳкими низоми ҳуқуқии ҷомеа хизмат карда метавонад.
Аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, ректори Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир низ дар баромади хеш аз роҳи таърихии Иҷлосия ва қабули Конститутсияи кишвар ҳарф зада баён дошт, ки таҷлили ин санаҳои таърихӣ ҳуввият ва худшиносии сокинонро боло мебардорад.
Вакилону ширкаткунандагони иҷлосияи таърихӣ, фаъолони ҳизб, омӯзгорони пешқадами шаҳр аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ бо Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳр шеърҳо дар васфи Ватан қироат намуданд. Ситораҳои санъати вилоят бо сурудаҳои марғуби худ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: