Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Нури тиб» дар сафи пеш

«Нури тиб» дар сафи пеш

14-11-2017, 11:14
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
«Нури тиб» дар сафи пеш
Дар коллеҷи тиббии «Нури тиб»-и ноҳияи Рудакӣ мулоқоти масъулини ҳизбӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рудакӣ бо устодону донишҷӯён барпо гардид, ки он ба Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ, Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар ҷамъомад раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсуфов суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, аз буҳрони сиёсию иҷтимоӣ раҳондани кишвар, татбиқи меъёрҳои демократӣ ва наҷот бахшидани иқтисодиёти ҷумҳурӣ хеле бузург ва қиёснашаванда мебошад.
Хусусан тадбирҳое, ки бо дастурҳои Сарвари давлат дар бахши маориф амалӣ мешаванд, имкон медиҳанд, ки ҳарчи бештар наврасону ҷавонон бо таҳсили илму дониш ва ихтисосҳои муҳим барои хоҷагии халқи мамлакат фаро гирифта шаванд. Аз ҷумла, шароите, ки дар коллеҷи «Нури тиб» фароҳам оварда шудааст, барои азхудкунии донишу технологияҳои нав мусоидат менамоянд. Дар инҷо синфу лабораторияҳои замонавӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои компутерӣ ҷиҳозонида шудааст, дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд.
Аз донишҷӯёни коллеҷ танҳо як чиз тақозо мешавад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил ва тибиро азбар намоянд. Маъмурияти таълимгоҳ барои ҳавасманд гардондани толибилмон тамоми имкониятҳои дар ихтиёраш бударо истифода мебарад, ки донишҷуёнро барои дониши хубашон қадрдонӣ намояд. Бахусус ба талабаҳои эҳтиёҷманди оилаҳои камбизоат имтиёзҳо дода мешавад. Комиҷроияи ноҳиявии ҳизб низ тасмим дорад, ки ба донишҷӯёни аълохон тибқи имкониятҳояш мусоидат кунад.
Қобили қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷмуъ ба як неруи пурқудрат табдил ёфтааст. Дар сафҳои он дар айни замон беш аз 450 ҳазор аъзо шомил аст. Теъдоди аъзои он беш аз пеш меафзояд. Ин аз он далолат мекунад, ки барномаҳои созандаи он ба дарди мардум мехурад. Пӯшида нест, ки аъзои ҳизб дар амри татбиқи ғояҳои бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.
Ташкилоти ибтидоии «Нури тиб», ки шумораи аъзои он беш аз 500 нафарро ташкил медиҳад, ҷиҳати амалӣ гардондани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб азму талоши пайваста доранд. Хурсандибахш аст, ки ҳар чи бештар устодону донишҷӯён мехоҳанд, ки ба сафи ҲХДТ дохил шуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи давлату ҳукумат саҳми мустақим дошта бошанд. Онҳо талош меварзанд, ки барои пешгирӣ намудани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва амалҳои дигари номатлуб мусоидати бештар намоянд.
Раиси ташкилоти ибтидоии «Нури тиб» номзади илми тиб Ҷ. Муминов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ А. Сатторов, сардори бахши назорати сифати таҳсилот А. Худоиев, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ф. Муродмамадов, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассисаи таълимӣ Т. Одилов ва дигарон зимни суханрониашон ҷонибдории худро аз сиёсати бунёдкоронаи ҳизб баён дошта, тазаккур доданд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ раҳондани ҷумҳурӣ бузург аст.
Ин марди фарзона ва хирадманду фозил тавонист, ки дар тӯли солҳои истиқлолият бо иқдомҳои наҷибаш Тоҷикистонро ба як кишвари ободу зебо табдил диҳад, бо талошҳои пайваста ба ҷангу ҷидоли ҳамватанӣ хотима бахшида, Санади сулҳро ба имзо расонд, барои таъмини амнияти озуқаворӣ беш аз 70 ҳазор гектар заминҳои обиро ба мардум тақсим карда дод. Садҳо гектар замини дигарро ба боѓу бӯстон табдил дод, ки имрӯз ба ҳосил даромада, дастархони сокинони кишвар ва берун аз онро пурфайзу баракат гардондааст.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ба қадри ин заҳмату талошҳои Пешвои миллат бирасем, онро арҷгузорӣ намоем ва барои боз ҳам афзун гардондани комёбиҳоямон бо меҳнати садоқатмандона посух диҳем. Дар замони пуртаҳаввулоти имрӯза ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро, ки дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳастанд қувваҳо ва доираҳое, ки оромии сиёсию иҷтимоии Тоҷикистонро намехоҳанд. Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид ҷавононро пайваста даъват менамоянд, ки онҳо ояндаи миллат ва давлат ҳастанд. Ин кишвари озоду демократиро танҳо онҳо соҳибӣ карда, онро боз ҳам ободу зебо гардонда метавонанд.
Дар ниҳояти ҷаласа ба як қатор донишҷӯёни пешқадам Сипосномаҳо тақдим карда, беш аз бист нафар донишҷӯро ба сафи Ҳизби Халқии Демократӣ пазируфтанд. Чанде аз муҳассилин аз ашъори худ ва шоирони варзидаи тоҷик порчаҳо қироат намуданд ва дар вазъияти мутантан ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд то ки дар оянда мутахассиси кордон шаванду ба халқу Ватани азиз садоқатмандона хизмат намоянд.
Усмон Солеҳ,
сухангӯи ҲХДТ,
Суратгир Т. Рӯзиев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: