Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои ҳизбӣ дар шаҳри Турсунзода

Ифтитоҳи бинои ҳизбӣ дар шаҳри Турсунзода

16-09-2017, 14:48
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои ҳизбӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода бо ташаббуси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аҳли заҳмати ноҳия ба тариқи ҳашар бинои комиҷроияи ҳизбии шаҳр сохта, ба истифода дода шуд, ки ин туҳфаи хубе дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи бинои ҳизбӣ Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода фаъолони ҳизб ва собиқадорону дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, бонуи ташаббускору варзидаи ҳизб Моҳистон Азизова зимни суҳбат изҳор дошт, ки кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, сохтмони бинои нави замонавии КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзодаро дар остонаи ҷашнҳои муборак ва бузурги миллӣ сохта ба итмом расонд.
-Мо бинои зебои комиҷроияи ҳизбамонро ба таври замонавию муосир бо маблаѓи зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта, ба анҷом расондем. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Сохтмон – М 21» корҳои бунёди онро бо сифати баланд ба иҷро расонд.
Бояд тазаккур дорд, ки бино аз се ошёна, 12 утоқи корӣ ва ду маҷлисгоҳ иборат буда, маҷлисгоҳи асосӣ барои 100 нафар пешбинӣ шудааст. Дар ин бино тамоми шароит барои фаъолияти пурмаҳсули кормандон муҳайё мебошад. Дар сохтмони бино роҳбарияти олии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва соҳибкорон саҳм гузоштаанд. Қобили зикр аст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Турсунзода, узви раёсати КИ ҳизб Сиҷоуддин Саломзода, ки пайваста дар ҷараёни сохтмон қарор дошт, ба анҷом расонида шуд, афзуд М. Азизова.
Зимнан, дар сохтмони бинои маъмурии ҳизб, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо, ҷонибдорони ҳизб ва соҳибкорон кӯмаку дастгириҳои зиёд намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд. Лозим ба таъкид аст, ки кумитаи иҷроияи ибтидоии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», беморхонаи марказӣ, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Умед», «Вежа», «Нигора», хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр Парвиз Акрамзода, Бобоалӣ Табарзода, Ӯрунбой Нурматов, Рустам Раҷабалиев, Фирӯзбек Сайфуллобеков, Алишер Холиқов, соҳибкорон Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, Маҳмадалӣ Назаров, Муҳаммад Бодаков, Икром Шеров, Ҳотам Амиров ва дигарон саҳми шоистаи худро гузоштанд.
Дар корҳои ободонии гирду атрофи бино аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии Муассисаи манзилию коммуналӣ, шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр, муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард, минтақаи истеҳсолии бортаъминкунӣ, ТҶҶ «Созандагони Ватан», ТИҲ «Ватандор», коллеҷҳо ва литсеи касбӣ-металлургӣ ба таври самаранок заҳмат кашиданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода зимни суханрониаш тамоми аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди бинои хуштарҳи замонавии комиҷроияи ҳизб дар шаҳри Турсунзода нақши босазо гузоштаанд, самимона шодбош гуфт. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки дар доираи амалӣ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мустаҳкам кардани заминаи моддию техникӣ ва маъмурии ҳизб як қатор кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тариқи ҳашар ба сохтмони биноҳои ҳизбӣ иқдом карда истодаанд.
Аз ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷомӣ, Ҷиргатол, Фархор, Айнӣ, Сарбанд, Файзобод ва ѓайра биноҳои маъмурии ҳизб сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда истодаанд. Имрӯз мо боз шоҳиди чунин як воқеаи фараҳбахш гаштем, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бошукуҳи комиҷроияи ҳизби шаҳри Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамаи ин далолати амалӣ гаштани иқдомҳои шоиста ва бунёдкоронаи Президенти муҳтарам, Раиси ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардумро ҳамеша ба сарҷамъӣ, сулҳу ваҳдат, танзими маъракаҳо, анъанаҳои рӯзгордорӣ ва дар шароити буҳронӣ ба таври ҳашар бунёду обод кардани Ватани азизамон даъват менамоянд. Бо шарофати ташрифи пурифтихор ва қадамҳои мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдат дар саросари мамлакат ҳазорон иншооти хурду калони таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ, варзишию фарҳангӣ сохта ва ба истифода дода шуда истодаанд.
Чунин амалу иқдомҳо нишонаи оромию субот, сулҳу ваҳдати саросарӣ, рушди иқтисод, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва дар ниҳоят боло рафтани сатҳи зиндагонии мардум мебошад. Қобили зикр аст, ки мардуми кишвар ва пеш аз ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ ба истиқболи даъватҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом мекунанд ва дар амри ободонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ барои кормандони масъули ҳизбӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мусаллам аст, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси ҳизбамон шумораи аъзо ба маротиб зиёд гашта, беш аз пеш кормандони касбу ихтисосҳои мухталифро фаро гирифта истодааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии мо қариб ба 460 ҳазор нафар расидааст ва онҳо дар сафи пеши татбиқгарони сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлату ҳукумат қарор доранд.
Ҳамин тариқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шумораи зиёди тарафдоронамон имрӯз дар ҷомеа ба як қувваи бузургу созанда табдил ёфтааст. Натиҷаи чунин қудрату неруи фарогирро мо дар интихоботҳои гузаштаи президентӣ, парлумонӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дидем ва дар муқоиса бо мавқеи дигар аҳзоби сиёсӣ пешсафи мусобиқаи интихоботӣ гашта, ба пирӯзиҳо мерасем.
Бояд гуфт, ки Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар ҷараёни бунёди бинои ҳизбӣ қарор дошт ва медонем, ки аксарияти ташкилоту корхонаҳо бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди бинои ҳизбӣ маоши якрӯзаи худро гузаронданд. Дар зимн, заҳмату хизматҳои раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бону Моҳистон Азизоваро зикр намудан бамаврид аст, ки барои амалӣ гаштани ин мақсади наҷиб талошҳои зиёдеро ба харҷ додааст.
Акнун кормандони ҳизбӣ, ҷонибдорон ва ҳамаи онҳое, ки бо кору пайкори худ дар амри амалӣ гаштани нақшаҳо, барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои шоистаи давлату ҳукумат қарор доранд, лозим аст, ки бо азму иродаи қотеъ камари ҳиммат баста, ҷиҳати ободонию созандагии диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагонӣ саҳми муносиби худро гузоранд.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Дар сурат: лаҳзаҳо аз маросими
кушоиши бинои ҳизбӣ
дар шаҳри Турсунзода.











Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: