Рӯдакӣ: Ҷавонон пайрави ҲХДТ4-11-2016, 13:45
Хабарро хонданд: 846 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш баҳри зиндагии ободу осудаи мардум талош намудааст. Ҳамин аст, ки ин ҳизби созанда дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа эътибору нуфузи бештар пайдо кардааст. Бахусус ҷавонони кишвар ҳадафу мақсадҳои бунёдкоронаи ҲХДТ-ро дуруст дарк намудаанд, ки сол аз сол сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ин қишри фаъоли ҷомеа афзоиш ёфта истодааст. Дунишҷӯёну омӯзгорони ҷавони Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ» низ аз зумраи чунин ҷавонон мебошанд, ки теъдоде аз онҳо пас аз шиносоӣ бо Оинномаи ҲХДТ ба аъзогии он пазируфта шудаанд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён санаи 3 ноябри соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ миёни донишҷӯёну масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур Ҷумъахон Мӯъминов, директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ», Ҳамзаалӣ Юсупов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони кумитаи иҷроия ва устодону донишҷӯёни муассисаи мазкур ширкат варзиданд. Нахуст Ҷумъахон Мӯъминов, ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон ва шиносоии онҳо бо Оинномаи ҲХДТ мебошад, ки роҳбарии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Номбурда зикр намуд, ки фаъолияти Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ» дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ мутахассисони соҳаи тандурустиро аз рӯи ихтисосҳои «кори ҳамширагӣ», «кори фарматсевтӣ», «кори момодоягӣ» ва «кори дандонсозӣ» омода менамояд. Ӯ мегӯяд, муассисаи мазкур тӯли ду сол аст, ки фаъолият мекунад ва имрӯз шумораи умумии донишҷӯёни он беш аз 2000 нафарро ташкил медиҳад, ки ба онҳо 96 нафар устодон, аз ҷумла, 3 нафар номзади илм дарс мегӯянд. Дар баробари донишомӯзӣ мо пайваста донишҷӯёнро ба роҳи ваҳдату якдилӣ ва дӯст доштани ватани аҷдодии худ ҳидоят менамоем. Дар ин муассисаи таълимӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури тиб” фаъолият мекунад, ки то имрӯз 238 нафар донишҷӯ ва 47 нафар устодонро фаро гирифтааст. Тоҳир Одилов, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур мегӯяд, феълан беш аз 50 нафар донишҷӯёни дигари муассиса барои пазируфтани узвияташон ба ҲХДТ ариза пешниҳод кардааанд, ки онҳо дар ҳоли омӯзиш қарор доранд. Ҳамзаалӣ Юсупов суханро аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат бевосита, кӯшишу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда, зикр кард, ки мақсад аз вохӯрӣ дар он аст, ки ҷавонон аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо бархӯрдор бошанд ва бо истифода аз шароитҳои мавҷуда дониши амиқ аз бар намоянд, то дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. Номбурда инчунин афзуд, ки дар тобеияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 60 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 7 ҳазору 100 нафар аъзо муттаҳид шудаанд, ки бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин мебошанд. Боиси хушнудист, ки ҳамаи онҳо ҳадафҳои асосии ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлатро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоянд ва дар ҳамин замина кору фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури тиб” соли гузашта таъсис дода шуда буд ва яке аз ташкилотҳои фаъоли ноҳия башумор меравад, ки дар ҳама гуна чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷумъахон Мӯъминов, гуфт: “Муҳлати таҳсил 3 ва 4 сол ба роҳ монда шудааст, ки нахустин донишҷӯёни ин муассисаи омӯзиши соли равон онро хатм мекунанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки кадрҳои омода намудаи мо дар оянда баҳри сиҳатии мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар роҳи рушди бештари ин сарзамини зебо саҳми бориз хоҳанд гузошт”. Инак, шумораи умумии аъзои ҲХДТ дар ташкилоти “Нури тиб” аз ҳисоби донишҷӯёну устодони муассисаи мазкур ба 285 нафар расидааст. 176 нафари онҳо тоза ба сафи ҲХДТ пайвастанд, ки дар фарҷоми чорабинӣ соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд. Инчунин 4 нафар устодони муассиса бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ қадршиносӣ шуданд. Ибодуллоҳи ТОҲИР
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.