Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Робитаи ҲХДТ бо донишҷӯён қавитар мегардад.

Робитаи ҲХДТ бо донишҷӯён қавитар мегардад.

10-11-2016, 10:15
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
Робитаи ҲХДТ бо донишҷӯён қавитар мегардад.


Дар Барномаи ҲХДТ омадааст, ки тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани Ватан, барпо кардани оилаи усутувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз арзишҳои судманду муҳим ба ҳисоб мераванд. Мо ба ташкили шароити мусоид барои амалӣ гардонидани ин арзишҳо бо такмил ва татбиқ намудани барномаҳои сиёсати кадрӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгири оилаҳои ҷавон мусоидат менанамоем. Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ рӯзи гузашта дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯён мулоқот доир гардид. Зимни вохӯрӣ сарвари коллеҷ, номзади илми тиб Илҳомҷон Комилов, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мебошад, ба ҳозирин баён дошт, ки ҲХДТ дар шароити ҳассоси таърихӣ бо мақсади сарҷамъ намудани мардум рӯи кор омада, барномааш бо дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурӣ тавъаманд аст. Ҳамзамон номбурда аз вазъи шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизб мисолҳо оварда, донишҷӯёнро ба он даъват кард, ки бетарафӣ зоҳир накунанд ва бо муайян кардани мавқеи худ нафъе бар ҷомеа гузоранд. Чанде аз донишҷӯён омодагии худро дар ин самт баён доштанд. Қарор шуд, ки минбаъд робитаи ҷомеаи устодону шогирдон бо ҲХДТ қавитар мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: