Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ ВА ШАРТИ МУҲИМТАРИНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ МЕБОШАД.

АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ ВА ШАРТИ МУҲИМТАРИНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ МЕБОШАД.

27-02-2017, 11:26
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ  ВА ШАРТИ  МУҲИМТАРИНИ ПОЙДОРИИ  ДАВЛАТ МЕБОШАД. Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Донишкади молия ва иқтисодии Тоҷикистон баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» зери унвони «Артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории далват мебошад» чорабинии васеъи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Зимни чорабини Шукрулло Хайров - ноиби Ректори Донишкади молия ва иқтисодии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Пеш аз ҳама Хайров Шукрулло- ноиби Ректори Донишкади молия ва иқтисодии Тоҷикистон чорабиниро бо суханронии табрикоти оғоз намуда, иштирокчиёнро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, мавсуф аз рӯи мавзӯъи чорабинӣ «Артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории далват мебошад» баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки 24 -сол аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро кардааст.
Ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расондааст. Ва ин аст, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан-Модар барои онҳо қарзи муқаддасӣ фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Изатуллои Ҳабибзод- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар чорабинӣ баромад намуда, пеш аз ҳама ҳамагонро аз номи Файзуллозода Заррина – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу намуд.
Аз ҷумла ӯ дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъис додани Артиши миллӣ ва сохторҳои низомӣ суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки Артиши миллии кишвар дар давраҳои вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис ёфт ва 23- феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар идома Изатуллои Ҳабибзод- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки бо меҳнати софдилона ва дасту дилу нити пок вазифаҳои хизматиашонро иҷро намоянд, ки ин ҳам нишонаи ватандустӣ ба шумор меравад. Хизмат ба Ватан шараф ва мактаби бузурги обутоб барои ҷавонон мебошад.
Инчунин аз рӯи мавзӯъи “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар пойдории сулҳу суботи кишвар” Дӯстов Саид – ассисенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молияи Донишкаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳамаи санаҳои таърихии миллӣ як саҳифаи навини таърихии миллатамонро кушодаанд, вале рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, заминагузорандаи асосии дигар ҷашнҳои миллӣ ва устуворкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон маҳсуб меёбанд.
Дар рафти чорабини мазкур бо иқдоми дастаи фарҳангии Донишкада барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид, ки зимни он санъаткорон дар васфи Ватан-Модар, сулҳу ваҳадат ва Пешвои миллат шеъру таронаҳо қироат намуда, хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ҳамчунин дар фароварди чорабинӣ озмуни варзишӣ, ки бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садорати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи намудҳои Волейбол, Гуштини миллӣ ва озмуни Беҳтарин бизнес – плани сайёҳӣ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида ҷамбаст карда шуд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.


Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Сино

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: