Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Оиди баргузории чорабини бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ, зери унвони «Ҳама якҷову яктан баҳри ҳимояи Ватан».

Оиди баргузории чорабини бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ, зери унвони «Ҳама якҷову яктан баҳри ҳимояи Ватан».

21-02-2017, 08:27
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Оиди баргузории чорабини бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ, зери унвони «Ҳама якҷову яктан  баҳри ҳимояи  Ватан». Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 24-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ санаи 15- феврали соли ҷорӣ, дар ҳамкори бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳҳнати ноҳия, Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва қисмҳои низомии кишвар, аз ҷумла афсарону сарбозони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ноҳияи зери унвони «Ватанпарвар» дар доираи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки чорабини аз ду қисмат баргузор гардид, қисмати аввал дар Боғи Мироненко бо мақсади гулгузори ба хотири гузаштагон ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қисмати дуюми чорабинӣ, ки аз барномаи фарҳангию фароғатӣ иборат буд, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабини Сардори Раёсати корҳои сиёсӣ – тарбиявии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дониёрзода Меҳваршо, Эмомов Шодихон - ёрдамчии Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафири фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия, афсарону сарбозони қисми низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Алимов Суҳроб – раиси Кумитаи кор бо интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, Шарипов И- раиси Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва Т.Камолов – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино фаъолона иштирок ва суханрони намуданд.
Пеш аз ҳама чорабиниро С.Алимов – раиси Кумитаи кор бо интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон бо суханронии табрикоти ба муносибати 24-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ ва 28 солагии рӯзи собиқадорони ҷанги Афғонистон ва ба муносибати эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон ифтитоҳ намуд.
Мавсуф ҳамчунин қайд намуданд, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳммон бисту чор сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Аз ҷумла ӯ бо қаноатманди таъкид сохт, ки дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин зимни чорабини намояндагони Сафири фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия Игорь Семёнович ва Лякин Фролов иштирок ва суханрони намуда, аз тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамкориҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкориҳои низомӣ изҳори андешарони намуда, таъкид намуд, ки Федератсияи Россия дар ин замина тамоми шароити заруриро баҳри ҳамкори роҳандози намуудааст.
Инчуни зимни чорабини таъкид карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад.
Дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи барномаи таҳиягардида, ба хотири болидарӯҳ гардонидани иштирокчиёни чорабини аз ҷониби аркестри эстрадии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъаткорон ва наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия чорабинии фарҳангию фароғати доир карда шуд.

Мудири шӯъбаи
таблигот ва иттилооти
КИ ХХДТ дар нохияи Сино
А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: