Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АРТИШИ МИЛЛӢ НЕРӮИ БУЗУРГИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ

АРТИШИ МИЛЛӢ НЕРӮИ БУЗУРГИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ

24-02-2017, 11:08
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
АРТИШИ МИЛЛӢ НЕРӮИ БУЗУРГИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМБа ифтихори 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки устодон ва шогирдон доир гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкили кишвар арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 24 сол ба нерӯи бузурги ҳимояи марзу бум табдил ёфтааст. Ва оромии ҷомеа ба маҳорату мардонагии фарзандони шуҷои миллат вобастагии калон дорад.
Сипас директори донишкада ба як қатор устодон- Акрамов Абдуқодир, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълим, Парвиз Солиев, мудири шӯъбаи системаи итиллоотии донишкада, Раънохон Исомадинова, роҳбари Маркази таҳсилоти фосилавӣ, Фарҳод Бобокалонов, сармутахассиси Маркази тестӣ, Ҳамрохон Раҳимова, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ, Муҳаббат Юсупова, мудири шӯъбаи бақайдгирии донишкада нишони сарисинагии Аълочии илм ва маорифи кишвар ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро дар вазъияти тантанвӣ супорид.
Ҳамчунин Шӯҳрат Усмонов, устоди кафедраи сохтмон ба муносибати ҳимояи рисолаи номзадӣ бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Мудири шӯъбаи идораи сифат ва ба нақшагирии стратегии донишкада Заррина Акрамова аз номи кулли бонувони донишкада устодонро ба муносибати ҷашни Артиши миллӣ табрик намуд.
Аз ҷониби бонувон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада саҳначаҳои диданӣ, рақсу сурудҳои дилошӯб, видеороликҳои хотирмон пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.
Чорабинӣ то дер гоҳ дар лавҳи хотири устодон боқӣ хоҳад монд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: