Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳомии Ватан будан шараф аст!

Ҳомии Ватан будан шараф аст!

6-04-2016, 17:10
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Ҳомии Ватан будан шараф аст!
Чун ҳамасола даъват барои хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду навбат- баҳорӣ ва тирамоҳӣ доир мешавад. Ҳамзамон даъвати баҳории ҷавонони шӯҷои Ватан ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери тантанаҳои наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо иштироки волидайн оғоз мегардад.

Вобаста ба ин дар саҳни комиссиярати ҳарбии ноҳияи Сино зери шиори «Ҳомиии Ватан будан шараф аст!» бо иштироки бевоситаи Ализода Саиднуриддин - Раиси ноҳияи Сино, собиқадорони ҶБВ, шуъбаи корҳои дохила, мудирони бахшҳои ноҳия, аз ҷумла бахши фарҳанг, рушди ҷомеа, шӯъбаи маориф, бахши ҷавонону занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва волидайни наваскароне, ки ихтиёриён ҷалб гардидаанд, чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид.

Сараввал, чорабиниро Назаров Дилмурод- сардори комиссарияти ҳарбии ноҳия ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 15- марти соли 2016 таҳти рақами 53 даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Аз ҷумла ӯ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки ташкил ва таъмини тавоноии Артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки тавассути он ҳимояи марзу буми Ватан, посдории сулҳ, тинҷию оромӣ, осмони софу беғубори Ватан, роҳ надодан ба ҳаргуна бадбахтиҳо аз ҷумла тероризм ва экстремизми сиёсию динӣ ва дигар бадбахтиҳо вазифаи муқаддаси Артиши миллӣ мебошад.

Маҳмудиён Нозилшоҳ - муовини раиси ноҳияи Сино баромад намуда, пеш аз ҳама падару модарони сарбозоне, ки бо хоҳиши худашон барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия табрику муборакбод намуд. Мавсуф аз ҷумла зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки имрӯз ҷавонони зиёде бо майли худ хоҳиши хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҷумҳурии азизамон хизмат кардан мехоҳанд, ин хоҳиши ҷавонон онро ифода менамояд, ки ҷавонони мо масъулиятшиносу хештаншинос гардидаанд.

М. Мамадаминова – мудири шӯъбаи кор бо занони ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханрони намуда, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз ҳизб дар баробари корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ғурури миллӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимро миёни ҷавонони ҳизб доир менамояд.

Инчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайни даъватшудагон низ баромад намуда, аз ҷумла ҷавононро ба мисли Шераку Спитамен ва Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ таҷассум намуда, онҳоро ба қаҳрамониву диловарӣ, ватанпарастиву хештаншиносӣ ва ифтихори баланди миллӣ даъват намуданд.

Комиссари ҳарбии ноҳия баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки аз шумораи 223 нафар наваскароне, ки синнашон ба 18 солагӣ расидааст ва ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино даъват мегарданд, дар ин чорабинӣ 53- нафарашон бо хоҳиши худашон, яъне итиёри даъват гардиданд ва хоҳиши хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болида гардонидани хотири даъватшудагон ва волидайни онҳо чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки аҳли ҳунар доир карда шуд.
А. Муминов, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: