Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хуршеди уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон

Хуршеди уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон

21-11-2016, 10:58
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Хуршеди уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон

Мардуми шарафманду ватандўсти меҳан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мисли хуршеде дар уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон пазируфта, ба хидматҳои бузургу бемунтаҳояш бобати рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо садоқат ва самимияти фузун арҷ мегузоранд. Пешвои муаззами мо шахсияти бузурги таърихиест, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, онро аз гирдоби нобудӣ наҷот дода, ҷон дар кафи даст мухолифонро ба оғўш кашида, ба миллати мотамзада Ваҳдату Сулҳ овард, ба халқи ноумед умеди тоза бахшид, ба ҷои кинаву адоват амнияту дўстиро ҳокими сарзамин гардонид.
Чун нишони эҳтироми бепоён ба Пешвои маҳбубу арзандаи халқ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида силсилаи чорабиниҳои рангину хотирмон доир гардиданд.
Конференсияи илмии донишгоҳ таҳти унвони «Раҳнамои муаззами миллати тоҷик» бо мўҳтавои худ дар хотири ҳамагон нақши мунир боқӣ гузошт.
Конференсияи илмиро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А.А.Орифов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қабл аз оғози маърўзаҳо иштирокдорони конференсия аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ дар пайванд ба кору пайкори Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошти зиёде намуданд.
Маърўзаи илмии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» фарогири корномаҳо, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушд додани иқтисодиёти кишвар, такомул пайдо кардани андешаи миллӣ ва бисёр дигарҳо буд. Аз ҷумла, дар идомаи суханронии хеш маърўзачӣ таъкидан зикр кард: - Хушбахтона, халқи тамаддунофари тоҷик бо раҳнамоиҳои Пешвои тавонои худ Ватанашонро сари вақт аз коми оташ берун оварда, захмҳояшро бо меҳру муҳаббати фарзандона марҳам ниҳода, дигарбора қобили нашъунамо намуданд. Дар кишвари маҳбубамон дар мушкилтарин вазъият ислоҳоти иқтисодии бозаргонӣ баргузор сохта, заминаи рушду пешравии бемайлон бунёд карда шуд. Тавсеа ва тараққии се бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон, яъне энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт моҳият ва мазмуни сиёсати иқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро бахубӣ муқаррар менамоянд... Ҳамзамон, ташаккул ва рушди ҳаққонии андешаи миллӣ ҳам ба номи Пешвои хирадпешаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайвандии ногусастанӣ дорад. Яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, таъмини ваҳдати миллӣ, рўй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад.
Дар идомаи конференсия устоди донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуҳаким Шарифов перомуни мавзўи «Пешвои миллат ва рушди маорифи кишвар» маърўзаи пурмўҳтавои илмӣ намуда, ба масъалаи рушди маориф дар Тоҷикистон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ бо санаду далелҳои мушаххас андешаҳои ҷолиб изҳор кард.
Дар конференсия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидмуродхон Мамадов вобаста ба мавзўи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зад. Бино бар гуфти ў, таҳти сарварии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёти Тоҷикистон дар айёми мустақилият ба дастовардҳои назаррас муваффақ гашт.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов перомуни китоби тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» суханронии муфассал намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ намояндагони факултетҳое, ки бобати гузаронидани моҳнома ва викторинаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва ғолиб омадаанд, тақдиронида шуданд
Барномаи рангини таҳиянамудаи дастаи созию овозии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ дар васфи Пешвои миллат, Ватан, сулҳ, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба иштирокдорони конференсия мақбул омад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: