Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» василаи баланд бардоштани ифтихори миллӣ15-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Вилоятии ҲХДТ дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Ҳуҷанд бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ конфронси илмӣ-амалӣ оид ба омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар кори конфронс намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдунабӣ Сангинов, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, собиқадорон ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд. Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар доираи тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми сунатҳои миллии мардуми ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар саросари кишварамон Аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба омӯзиши китоби мазкур дар ташкилотҳои ибтидоии худ бо аъзоёни ҳизб то имрӯз вохӯрӣ доир намуд ва тибқи нақша- чорабинӣ имрӯз конфронси илмӣ-амалӣ доир гардида истодааст. Ҳамчунин санаи 15-уми июн дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда мешавад ва аз ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ хоҳиш мекунем, ки аксияро дар сатҳи зарурӣ доир намуда, дар он ҳамаи кормандони коргоҳ ва аҳолии гирду атрофии корхонаҳои худро даъват намоянд. Ҷурабек Исоматдинов, устоди ДДҲБСТ, номзади илмҳои таърих, дотсент дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои давлатдории миллӣ дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, қайд кард, ки воқеан ҳам ин китоб дар шинохти миллӣ, огоҳ будан аз таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон, саҳми олимону шоирони тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ, воқеаву рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар кӯмакрасони ҳар яки мо мебошад. Беҳуда ин осори гаронбаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ чун китоби арзишманду хонданӣ муаррифӣ нашудааст ва то ҷое иттилоъ дорем китоби мазкур бо забонҳои англисиву фаронсавӣ, чиниву арабӣ, испаниву туркӣ тарҷума шуда, пешкаши ҷаҳониён гардидааст. Ва ҳатто бостоншиносону таърихнигорон барои муйшикофона таҳлилу баррасӣ намудани нақши тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба Пешвои миллат баҳои баланд додаанд. Саидов Шӯҳратҷон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент дар мавзӯи «Бунёди ҳуввияти миллӣ ва динии тоҷикон дар партави асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» суханронӣ намуда, гуфт, ки дар китоб аз замони пайдоиши ин миллат то дастовардҳои даврони Истиқлол далелҳои мӯътамад оварда шудааст. Ҳамин нуктаро гуфтани ҷоиз аст, ки миллати тоҷик дар ягон давру замон бо мақсади ғасби ин ё он мулк ба сари ягон миллат шамшер набардоштааст ва танҳо такя намудааст ба нерӯи хирад ва созандагӣ. Ва маҳз ҳамин хислати азалӣ сабаб шуданд, ки сулҳи бебозгашт дар кишвари мо ҳукмфармо шуд ва мардуми фарҳангпаноҳаш ба Сарвари корсози худ садоқатманданд ва ҳамвора зиндагиро пеш мебаранд. Итминони комил дорам, ки конференсияи имрӯза барои бештар намудани сафи хонандагони ин китоби воқеан ҳам арзишманд таккони ҷиддие хоҳад бахшид. Дар охир ҳунарманди мумтоз, аъзои ҲХДТ Дилноза Каримова бо суруди дилошӯби худ дар васфи Тоҷикистон маҳфилро гарм намуд. Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.