Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Пайки Истиқлол

25-08-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 543 нафар
Назарҳо: 1
Пайки Истиқлол


Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат дар садаи бистум аст. Ҳарчанд баъзе аз нохалафон сараввал чун душманони қаттоли сарзамин тоқати ин рўйдоди таърихиро накарда, аз рашку ҳасад байни мардум фитна андохтанд. Ҷанги бародаркушро ташкил намуда, бо тарс додану таҳдид карданҳо хурду калонро маҷбур ба муҳоҷират карданд, мавзеъҳоро вайрону валангор намуда, тифлаконро ятиму бе хона сохтанд, аммо дар ниҳоят ба қасди бади худ, ки аз байн бурдани кишвар буд, нарасиданд.

Дар давоми 25 соли Истиқлол бо сарварии Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими созандагӣ оѓоз намудем.
Аз рўзҳои аввали ин марҳалаи нав сиҳатии мардум аз беҳтарин боигарии давлат эълон шуда, дар доираи ислоҳоти соҳа барои ноил гардидан ба сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Тавре медонем, тандурустии мардуми кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Давлат ва Ҳукумати мамлакат буда, бо мақсади ҳифзи саломатии онҳо андешидани чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2010 - 2020 ва дигар барномаҳои таҳия ва тасвибшуда мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки дар доираи он иқдомоте ба монанди бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру навсозӣ ва таҷҳизи онҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббиро пешбинӣ мешавад.
Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиѓу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳо низ аз ҷумлаи ин тадбирҳои тасвибшуда ба ҳисоб меравад.

Бино бар омори расмӣ танҳо дар давоми 15 соли ахир ба ин соҳа 4,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст ва ҷиҳати рушди минбаъдаи он ҳам дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонии дигар ҷудо мегардад.

Ҳоло бунёд ва барқарор кардани инфрасохтори соҳа босуръат идома дошта, тавассути роҳандозии низоми акредитатсияи муассисаҳои тиббӣ, сатҳу сифати хизматрасонии табибон боло бурда мешавад.

Дар ин замина саҳм ва ҷойгоҳи мо, ҷавонони муттахассиси соҳаи тиб ҳам муайян шудааст. Аз ин рў, моро зарур аст, ки баҳри иҷрои вазифаҳоямон содиқона амал кунем. Дар ин робита технологияи муосири тиббиро омўхта, аз дастовардҳои навтарини соҳа бояд бохабар бошем. Бо фаро гирифтани нозукиҳои соҳа ба миллати хеш содиқона хизмат намоем. Зеро тандурустии миллат асоси пешрафт буда, аз омилҳои аслии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Муҳайё Ҳусейнова,
мудири шуъбаи маркази саломатии №1, шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: