Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Шифоамали ҷашнӣ

4-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 1
Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Ворисони Сино»-и Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Ахмедов Карим бо мақсади ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани омилҳои хатар, пешгирӣ ва дарёфти саривақтии бемориҳо, бо ташхис ва табобат фаро гирифтани ниёзмандон, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҳомии тандурустии аҳолӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонии босифати тиббӣ, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19 марти соли 2016 то 3 сентябри соли 2016, ҳар рӯзи шанбе шифоамали ҷашнии таҳти унвони «25-ШАНБЕИ ТАНДУРУСТӢ»-ро роҳандозӣ менамояд.

Дар доираи иқдоми мазкур ҳар рӯзи шанбе шурӯъ аз 19 марти соли 2016 то 3 сентябри соли 2016 аз соати 9:00 то 11:00 бо ҷалби мутахассисони варзидаи Марказ дар самти бемориҳои диабети қанд ва ҷоғар, дил, узвҳои дарунӣ, асаб, бодигармӣ, шуш, сироятӣ, нисоӣ, навзодон ва ҷарроҳии ғадудҳои дохилӣ ниёзмандон бо муоина, машварат ва тавсияҳои шифоии ройгон фаро гирифта хоҳанд шуд.

Маъмурияти Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов бо камоли эҳтиром аз ҳамаи роҳбарони муассисаҳои шифоиву пешгирии мамлакат, новобаста аз шакли моликият, даъват ба амал меорад, ки ин иқдомро дастгирӣ намуда, дар сатҳи муассисаҳои тиббии тамоми минтақаҳои кишвар шифоамали мазкурро роҳандозӣ намоянд.

Макони баргузорӣ: Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Ахмедов Карим, воқеъ дар кӯчаи Абай-3 (микроавтобусҳои хатсайри №46, №19, №2 ва автобуси хатсайри №1)

Замони баргузорӣ: аз соати 9:00 то 11:00 ҳар рӯзи шанбе аз 19 марти соли 2016 то 3 сентябри соли 2016
Телефонҳо барои тамос: 888-088-006; 888-088- 007; 888-088-009
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: