Рўзи касбии табибон дар КИИ «Маркази миллии тиббӣ» ва ташкилотҳои ибтидоии «Авитсена», «Табиб», «Саломат»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон18-08-2016, 14:25
Хабарро хонданд: 534 нафар
Назарҳо: 0
Бо иштироки Саодат Азимова - директори МД Пажуҳишгоҳи гастроэнтрологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мироҷов Ғ- академики АИ ва АИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Черсон Кан - доктрори илмҳои тиби Россия ва Абдумаҷид Муминов - мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии «Авитсена» чорабинии васеъ доир гардид. Нахуст чорабиниро С.Азимова - директории Пажуҳишгоҳ, раиси ташкилоти ибтидоии «Авитсена» бо суханронии табрикоти баромад намуда, меҳмонон ва ҳамагонро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуда, ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли 1995 Рӯзи кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон маъмулан ба ифтихори зодрӯзи олим, мутафаккир ва табиби маъруфи тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино (980 – 1037) санаи 18-уми август ҷашн гирифта мешавад. Сипас, Мироҷов Ғ - академики АИ ва АИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаи тиб ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи тандурустии кишвар ибрози андешарони намуд. Аз ҷумла ў ёдовар шуд, ки дар 10 соли охир тандурустии миллат хеле беҳбуд ёфта, дарозумрии аҳолӣ тибқи нишондиҳандаҳо дар соли 2015 мутаносибан 72, 8 ва 74,2 солро дар бар гирифт, ки ин нишондиҳандаҳо ифодагари он аст, ки то соли 2030 ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар Тоҷикистон 80 солро ташкил хоҳад дод. Аз ҷумла ў ёдовар шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои калони табобатии шаҳри Душанбе, марказҳои вилояти ва ноҳияҳои кишвар бо кампютерҳо ва томографҳои магниторезонансии замонавӣ амалан таъмин карда шудаанд, ки ин ҳам бошад ифодагари он аст, ки Пешвои миллат ба рушди соҳаи тиббии кишвар диққати ниҳоят ҷидди медиҳад. Ҳамчунин мавсуф зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои соҳа, инчунин ёдовар шуд, ки тандурустӣ дар кишвари мо ҳоло низ дорои бисёр масъалаҳои ҳалношуда мебошад. Дуруст аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳа қариб сад маротиба зиёд шуда бошад ҳам, ҳоло низ барои ин соҳа кифоят намекунад. Инчунин ў дар бораи нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва саҳми он дар пешбурди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибрози андешарони намуд. Абдумаҷид Муминов - мудири шўъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зимни чорабиниҳо иштирок ва суханрони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрўз яке аз самти асосии баронами ҳизб ин рушд ва тарақии намудани соҳаи тандурустии кишвар буда, дар ин замина ҲХДТ- дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, ҷори намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизмтарасонӣ бо истифода аз техналогияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомҳои зарури мешуморад. Ҳамчунин мавсуф зимни баромади хеш ёдовар шуд, ки равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёби намуд. Инчунин дар баробари маърузачиён дигар аъзоёни ҳизб ва меҳмонон ибрози андешарони намуда, андешаҳояшонро баён намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба кормандони соҳаи тиб барои фаъолияти содиқонаашон ба унвони аълочии Вазорати тандурустӣ ва ифтихорномаи соҳа ва барои саҳм гузоштан дар таблиғу ташвиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа, бахшида ба рўзи табибон бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуданд.. Мудири шўъбаи
таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.