Ободии Ватан ифтихори мост30-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 462 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи мавриди истифода қарор додани маркази бузург «Истиқлол» туҳфаи арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи тандурустӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба кормандони тандурустии шаҳри Душанбе, аз ҷумла кормандони Маркази саломатии шаҳрии №12–и ноҳияи Фирдавсӣ илҳоми тоза бахшид.
Ба ин муносибат ба наздикии дар арафаи иди Наврӯзи Аҷам дар ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳи №12» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси ташкилоти ҳизбӣ Ҳабибова Шаҳло ифтитоҳ бахшид. Дар маҷлис Муҳриддин Ғаффоров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бунёд ва мавриди истифодаи Маркази тандурустии «Истиқлол» барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад. Ӯ зикр кард, ки ба андешаи Пешвои миллат «Солимии ҷомеа - сарвати давлат аст». Иштирокдорон ба сухан баромада, аз иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Масъалаи дигар, ки ба узвияти ҲХДТ шомил шудани 105 нафар кормандони дармонгоҳ буд. М. Ғафоров ба сухан баромада, оиди фаъолияти хуби ташкилоти ҳизбӣ дар ин самт баромад кард. Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд. Ғаффоров Муҳриддин, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.