Ташвиқу тарғиби ғояҳои созанда28-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 424 нафар
Назарҳо: 0
![]() Раиси кумиҷроия зимни вохӯрӣ таъкид кард, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани муттахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдоми зарурӣ медонад. Дар ҳамин маврид аз кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3 даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳои созандаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми назарраси худро гузоранд. © Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.