6 Корманди КҲФ аз вазифа барканор шундаанд4-08-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 корманди ин ниҳод, аз ҷумла сардорони ситодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Раштро бинобар сабаби бемасъулиятиашон аз вазифа озод кардааст.
Раиси КҲФ, Р. Назарзода ки рӯзи 21-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсолаи Кумита ба хабарнигорон маълумот дод, сабаби барканор гардидани сардорони раёсати оперативӣ, кадрҳо, молия, сардори ситодҳои ВМКБ ва минтақаи Рашт ва яке аз фармондеҳони қисми ҳарбиро шарҳ дода, афзуд, ки онҳо бинобар сабаби пурра ва ҳаматарафа иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон аз вазифаҳои ишғолнамуда озод шуданд. Номбурда ҳамзамон зикр намуд, ки дар семоҳаи сеюми соли равон аз ҳисоби кормандони масъули Кумита таҳти роҳбарии яке аз муовинон як гурӯҳи корӣ таъсис медиҳем ва ин гурӯҳ фаъолияти ҳар як ситоди вилоятиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Р. Назарзода дар ин нишаст аз риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ҳангоми оббозӣ изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Кумита бо аҳолӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар обанборҳо ва кӯлу дарёҳо 61 нафар, аз ҷумла 32 нафар то 17-сола ва 29 нафар аз 17-сола боло ғарқ шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар ин давра дар обанборҳо 44 нафар аз ҷониби кормандони КҲФ наҷот дода шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки давоми шашмоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табии ба қайд гирифта шуда 10 нафар ҷон бохтаанд ва ҳаҷми зарари моддӣ 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил намудааст. Инчунин зикр гардид, ки шумораи ҳалокшудагон ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқуллода дар ҳамин давраи соли гузашта ба 28 нафар расида буд. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.