Прокуратураи Суғд 134 ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои заминро ошкор кард27-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ин нукта зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаи санҷишҳо вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ дар соли 2015-ум ва 4 моҳи соли равон бо иштироки муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода ва прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов баён гардид. Тибқи маълумоти Амир Зайниддинзода — сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят, ҳамчунин дар ин давра дар вилоят дар маҷмўъ 8995 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 5704,7 га бинобар нарасидани оби полезӣ ва 2481,5 гектар бо сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон ба амал омадааст. Ғайр аз ин дар давраи соли 2015 ва 4 моҳи соли равон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ, нақшаи генералии маҳалҳо, қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисўхтор, ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой доштанд, ки дар натиҷа ба 253 адад чунин қарори ғайриқонунии вобаста ба замин эътироз оварда шуд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят вобаста ба қонунгузории замин бо қарорҳои прокуророн 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 926 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.