Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!14-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
![]() Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Нарсов И. оғоз намуда, оиди натиҷаҳои фаолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давоми семоҳаи дуюми соли 2016 ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи сеюми соли 2016 дар назди аъзоёни Комиҷроия ҳисобот дод. Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то ба имрӯз дар ноҳия ба 10911 нафар расидааст. Дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон бошад, теъдоди аъзоёни ҳизб 2249 нафар зиёд карда шудааст. Аъзоён, ки бори аввал ба ҲХДТ шомил мегарданд дар китоби махсус бақайд гирифта шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида мешавад. ![]() Баъдан раиси ноҳияи Ёвон, аъзои Комиҷроия Амирбеки Темур ба сухан баромада, оиди зиёд намудани аъзоёни ҳизб, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, дастгирӣ намудани сиёсати имрӯзаи ҲХДТ, иҷро намудани дастуру супоришҳои раиси ҲХДТ, расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва шахсони барҷомонда, тарбия намудани кадрҳои ҷавону лаёқатманд, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия гуфта гузаштанд. ![]() Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давоми шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби аъзоёни Комиҷроия қаноатманд ҳисобида шуда, оиди иҷрои саривақтӣ нақшаҳои минбаъда дар назди аъзоёни Комиҷроия вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.