Ҷаҳон моро шинохт аз сулҳу ваҳдат27-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар ҷамъомади ботантана бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ узви Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Норак муҳтарам Ҳурматзода Ф.З. аз дастовардҳои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда қайд карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сулҳу ваҳдат расидани ҷумҳурии моро дар саросари олам таҷрибаи нодиртарини таърихӣ меҳисобанд ва ин таҷрибаро дар омӯзиш қарор доданд. Раиси шаҳр тамоми мардуми меҳнатқарини шаҳри Норакро бахшида ба ин рӯзи бошукуҳ табрик гуфта таманиётҳои нек карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро болида гардониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


