Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Озмунҳо ҷамъбаст шуданд

Озмунҳо ҷамъбаст шуданд

21-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Озмунҳо ҷамъбаст шуданд
Дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор ҷашн гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар ноҳия як қатор чорабиниҳо баргузор шуда истодаанд. Ба наздикӣ озмунҳои «Хонандаи сол» ва «Китобхони беҳтарин» байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардид.

Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илму дониш, такомули тафаккури мантиқии хонандагон, ифодаи озодонаи фикр, дарёфти истеъдодҳои нав, интихоби дурусти касб ва амсоли онҳо мебошад.

Ҳамзамон, озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи шартҳои дар Низомномаи ифодаёфта ҷамъбаст гардид. Мувофиқи талаботи Низомномаи озмун иштирочиён рӯйхати китобҳои хондашудаи худро ба кумитаи тадорукот пешниҳод менамуданд.

Ҷамъбаст нишон дод, ки дар озмуни «Хонандаи сол» 11 нафар ва дар озмуни «Китобхони беҳтарин» 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, сазовори Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: