Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рӯ ба рӯ бо хонанда

Рӯ ба рӯ бо хонанда

21-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 570 нафар
Назарҳо: 1
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Баргузории вохӯрию суҳбатҳо ва конференсияҳо яке аз василаҳои наздик будан бо хонандагон, ошноӣ бо хостаҳо ва шунидани арзу ниёзҳояшон аст. Ин иқдомот барои такмили нақшаи кор ва беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ҳайати эҷодии нашрияҳо ва аз ин роҳ боз ҳам ҷолибу хонданӣ таҳия ва чопи мавод мусоидат мекунад.

Рӯзи 16 июн яке аз чунин тадбирҳои судманд бо иштироки ҳайати кормандони ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардид.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Дар маҷлисгоҳи факултет он рӯз бо вуҷуди ин ки давраи авҷи имтиҳоноти тобистонӣ буд, шумораи зиёди донишҷӯён ҷамъ омада буданд.

Садри факулет, номзади илмҳои филологӣ Саъдӣ Исматов дар оғоз меҳмононро «хуш омадед» гуфта, ташкили чунин як чорабиниро ҳам донишҷӯёну устодон ва ҳам кормандони нашрия муҳим хонд. Вай мақолаю гузоришҳои «МХ»-ро ҷолиб ва худи нашрияро аз ҷумлаи нашрияҳои ошно барои ин муассисаи таълимӣ унвон кард

Сипас, устоди факултет, дотсент Сангин Гулов меҳмононро як- як ба ҳозирон шинос намуда, ҳамчун як шахси огоҳ бо маҳорати баланди касбӣ дар бораи ҳар нафар маълумот дод.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Сармуҳаррири ҳафтанома, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Ҳамдамов бо ироаи гузориши кутоҳе дар бораи ҳафтанома ва тарзи кори аҳли эҷод, масъала ва мавзӯъҳои аслии мавриди таваҷҷуҳи идора, мушкилиҳо ва нақшаҳои эҷодиро шарҳ дод.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Аз ҷараёни баъдии ин мулоқот ба назар мерасид, ки ҳам ҳайати эҷодӣ ва ҳам донишҷӯёну устодон кайҳо интизори чунин як вохӯрӣ буданд ва гуфтаниҳое доштанд.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
«Муште - намунаи хирвор», мегӯянд. Ҳоло андеша ва бардоштҳои чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ ба таври мухтасар пешниҳод мешавад.
Алиҷон Ҷӯраев, муҳаррири масъули ҳафтанома:

- Дар ин вохӯрӣ эҳсос мешуд, ки донишҷӯён дар бораи масъалаҳои вобаста ба журналистика, имрӯз ва ояндаи соҳа бисёр донистан мехоҳанд. Суолҳое, ки аз ҷониби онҳо дода шуданд, бамаврид буданд, яъне дониши назарияви онҳо хуб аст. Ин пурсишҳо гувоҳ бар онанд, ки ҳампешагони ҷавони мо аз паҳлуҳои гуногуни журналистика бохабаранд ва дар ин роҳ заҳмати устодони сахтгири онҳо барҳадар нарафтааст.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Дар бораи мавқеи журналист ҷиҳати ҳифзи манофеи давлат андешаҳо гуногунанд. Вале ба андешаи инҷониб журналисти тоҷик ҳақ надорад, ки манфиати давлату миллатро ҳимоя накунад. Аз дигар тараф, манфиати давлату миллат журналистонро ба ҳам муттаҳид мекунад.

Имрӯз талаботи ҷомеа нисбат ба журналистика тағйир ёфтааст. Дигар ҳоло барои хонанда кушодани портрети як нафар, шарҳи ҳол ва ё маълумот дар бораи дастовардҳои ӯ, таърифу ситоиш зиёд муҳим нест, балки таҳлил, андеша, пешниҳод, масъалагузорӣ, интиқоди беғаразонаи асоснок ба манфиати ҷомеа муҳим аст. Журналистонро лозим аст, ки дар шароити феълӣ бештар дар инъкоси масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол бошанд, яъне бо амали хеш тавонанд, дар пешрафту ободии кишвар таъсир гузоранд.

Аслан нашрияҳоро ба давлатию ғайридавлатӣ ҷудо кардан иштибоҳ аст, зеро ҳамагон ба хотири фош намудани қонуншиканиҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва амсоли ин заҳмат мекашем. Масалан, «Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош дорад, ки ин мақсад дар Барномаи амали ҳизб омадааст.

Рӯ ба рӯ бо хонанда
Маъруфи Бобораҷаб, котиби масъули ҳафтанома

Мулоқот бо нафарони касбу кори гуногун дар ДМТ ба амали маъмулист. Гумон дорам, ки ҷанбаи муҳими мулоқот онрӯзаи мо бо донишҷӯён дар он буд, ки онҳо баробари дар рӯ ба рӯи хеш дидани ҳайати кормандони нашрияе, ки аз ҷиҳати теъдоди нашр дар мамлакат калонтарин асту миёни муштариён сол ба сол маҳбубияти бештаре касб менамояд, бо пурсишҳои бешумори худ оид ба самтҳои мухталифи касби интихобкардаи худ ҳарчи бештар донистан мехостанд. Аз суолҳои бешумор ва муҳокимарониҳои бепардаи донишҷӯён аён буд, ки фазои он соат созгор ба суҳбати ошкорову созанда қоим афтода буд.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Аминам, ки ин амал дар вохӯриҳои минбаъда чун пуле миёни дарёи донишҳои назариявию амалии илми журналистика хидмат карда метавонад.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Солеҳ Юсуфов, хабарнигор: - Агарчӣ ин нишаст фақат пас аз чанд рӯзи эълони хабари вохӯрӣ баргузор шуд, аммо сатҳи баланди саволу андешарониҳо нишонаи он буд, ки донишҷӯён омодагии хуб доранд. Аз мавзӯъҳо ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи матбуот огоҳанд.

Баду неки сухан ва маводи расонаҳоро хуб дарк мекунанд. Ба ин далел бо ҷасорат дар бораи муҳтавои маводҳои нашршуда назари худро мегуфтанд. Саволҳоеро матроҳ мекарданд, ки посухи ҷиддӣ ва таҳлилро талаб мекард. Аз ҷумла як нафар гуфт, ки ҳафтанома рӯйдод ва ҳодисаҳои байналмилалиро ҳам инъкос мекунад, дар ин бахш аз кадом манбаъҳо истифода мебаред?
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Сармуҳаррир дар ин робита ҷавоб дод, ки интернет манбаи асосӣ барои дарёфти хабарҳои муҳим аз воқеаҳои дунё аст. Аммо ин ахбор аз диди нав ва бо дарназардошти манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон таҳия ва бозтоб мешавад.

Дар ҳақиқат, мо ба унвони як воситаи ахбори омма аз ин манбаъ ба қадри лозим истифода мебарем, вале ҳар матлабро бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти он барои хонандаи дохилӣ бетаҳриф такмил ва нашр мекунем. Ин мавод бештари вақт дар саҳифаи «Нигоҳ аз Душанбе» ба нашр мерасад.

Бовар дорам, ки ин мулоқот барои афзоиши донишу ҷасорати донишҷӯён ва наздиктар шудани онҳо бо нашрия таъсиргузор аст.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Камолиддин Ҳаннонов, донишҷӯи курси 3:
Дар факултети журналистикаи ДМТ нишастҳо бо иштироки кормандону фаъолони ВАО-и Тоҷикистон пайваста баргузор мешавад. Ин бор вохӯрӣ бо кормандони ҳафтаномаи “ Минбари халқ” баргузор шуд. Чун ҳар вақта сухани аввалро садорати факултет оғоз намуданд. Аммо ин нишаст аз мулоқотҳои дигар ба куллӣ фарқ дошт, зеро бори аввал буд, ки кормандони якҳафтанома қариб 80 дарсад ба вохӯрӣ омада буданд. Онҳо зимни суханронӣ дар бораи таъсис ва шароити кор дар ҳафтанома маълумот доданд.

Мо, донишҷӯён дар ин нишаст бо рӯзноманигорони саршиноси кишвар аз наздик ошноӣ пайдо кардем. Нишаст озоду ошкоро сурат гирифт, ба ҳар пурсиш, ки аз ҷониби донишҷӯён мешуд, меҳмонон дақиқ ва фаҳмо ҷавоб медоданд.
Рӯ ба рӯ бо хонанда
Пас аз суханрониҳои садорат ва сармуҳаррир саволуҷавоб доир гардид ва ба ҳар саволе, ки пеш гузоштем, посух гирифтем. Мо, донишҷӯён Маҳмаднабиев Яҳё, Мамадносирова Гулсара,Салимов Неъмат, Ҳаннонов Камолиддин ва дигарон саволҳо додем. Сипос ба кулли нафароне, ки вақти қимати худро дареғ надошта, ба назди мо омаданд.
Солеҳ Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: