Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдат20-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Гузориш аз Мизи мудаввар-и рӯзноманигорон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар доираи сафари Корвони хабарнигорон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки васеи рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва хусусӣ, таҳлилгарону коршиносон, кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва навоҳии он дар мавзӯи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ” Мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он раиси вилоят Шодихони Ҷамшед, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дигарон иштирок доштанд. Аз субҳи барвақт ба муносибати ин чорабинии муҳим дар Чойхонаи бузурги миллӣ, ки дар поёни Боғи ботаникӣ бо сабку услуби миллӣ, бо истифода аз санъати меъмории кандакорӣ, наққошӣ, рассомию ҳаккокӣ эъмор гардидааст, намоиши китобу нашрияҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ доир гардид. Онро садҳо нафар ҳаводорону алоқамандони эҷод бо камоли майл тамошо карданд ва аз намунаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоро дастрас намуданд. Мизи мудавварро раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи ҷамъомад ва аҳамияти созандаи онро барои ҳозирин муаррифӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат тағйироту таҳаввулоти куллӣ ба амал омада истодааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гардидем. Дар бораи ҳамаи ин комёбиҳо аввалин шуда рӯзноманигорон иттилоъ пахш менамоянд. Мусаллам аст, ки ин ҳама интишорот бояд воқеъбинона ва ҳақиқатнигорона ба мардум расонда шавад. Бовар дорам, ки дар ин ҷамъомади бонуфуз олимону коршиносон назару андешаҳои худро ошкоро баён медоранд ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати пешрафти минбаъдаи корҳо манзур менамоянд. Раиси вилоят Шодихони Ҷамшед дар зимни сухани ифтитоҳии хеш тазаккур дод, ки мардуми саросари вилоят имрӯзҳо ба ҷашнҳои мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки қарор аст имсол чорабиниҳои асосии он дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда шавад, ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд. Зимнан аз минтақаҳои гуногуни мамлакат меҳмонони зиёде ҷиҳати пешвозгирии шоистаи ин ҷашнҳо ба вилоят меоянд. Масалан дар ҳудуди қариб зиёда аз 200 нафар аз вилояти Суғд, ки намояндагони касбу кори мухталиф буданд, ташриф оварда, бо кору зиндагии мардуми Бадахшон ошноӣ пайдо карданд. Гурӯҳи калони бонувон зери сарпарастии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Мо барои истиқболи меҳмонони хатлонӣ тайёрӣ дида истодаем. Дар маҷмуъ 15 адад чунин гурӯҳҳоро бояд истиқбол гирем. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин тадбирҳо барои таҳким ёфтани сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Шукр бояд кард, ки ба чунин рӯзҳои муборак расидем. Неъмати бебаҳои ваҳдати миллиро бояд ҳамагон ҳифз намоем. Ҳар рӯзу ҳар соат дар мавриди сулҳу субот фикр кунем ва дастовардҳои онро афзун гардонем. Мо бо кишвари ҳамсояи Афғонистон зиёда аз 900 километр марз дорем. Бо шарофати истиқлолият дар масири сарҳад 6 пул сохта шуд ва бозорҳои наздимарзӣ боз гардиданд. Мардуми афғон ва ҳам худи тоҷикон дида истодаанд, ки истиқлолият чӣ афзалияту бартариҳо дорад. Ваҳдати миллӣ барои мо чӣ армуғонҳоеро ҳадя оварда истодааст. Бинобар ин, ҳамаи он комёбиҳо бояд ошкоро ва ба таври воқеӣ дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ инъикос гардад. Мардуми Бадахшон муштоқи ахбори дуруст ҳастанд. Онҳо нашрияҳоро мехонанд ва ахбори интернетиро пайгирӣ мекунанд. Бахши аъзами мардум саводи хуб доранд. Неку бадро қиёсу таҳлил мекунанд ва назари худро ошкоро баён медоранд. Ман бисёр мехоҳам, ки сухани васоити ахбори омма созанда бошад, на сӯзанда. Ҳамчунин Худойбердӣ Холиқназарзода-директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Абдулмаҷид Ҳакимзода-директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Мирзошоҳрух Асрорӣ- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зимни суханрониҳои ифтитоҳии хеш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба моҳияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои татбиқи ин санади тақдирсоз ва таҳким бахшидану ҳифз намудани сулҳу ваҳдати саросарӣ дар Тоҷикистони азиз равона намуданд. Баъдан дар бахши аввали “Мизи мудаввар”, ки ба мавзӯи “Мақоми ВАО ҷиҳати ба даст овардани ваҳдати миллӣ” бахшида шуда буд, Худойбердӣ Холиқназарзода-директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар бораи “Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон ва бозтоби он дар ВАО-и дохилию хориҷӣ”суханронӣ кард. Зимни маърӯза мавсуф иброз дошт, ки тоҷикон марҳилаи аввали ваҳдатро сипарӣ намуданд. Акнун мо ба давраи нави он, ки шартан онро марҳилаи устуворгардонӣ меномем, ворид шудаем. Дар ин давра пеш аз ҳама насли ҷавон ба таълиму тарбия ниёзманд мебошад. Зеро сахтиҳои ҷанги ҳамватаниро надидаанд. Ман ҳамон наслеро дар назар дорам, ки солҳои ҷанг 5-6 сола буданду ҳоло 25-30 солаанд. Бинобар ин лозим аст, ки бештар дар ҳамин самт кор барем. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва саводнокии онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Маҳз ба хотири ҷавон гардондани кадрҳои ҳамаи сохторҳо бештар ҷавононро пешбарӣ мекунанд. Мо вазъи солҳои аввали истиқлолияти давлатиро хуб медонем. Он вақт баъзе расонаҳои хориҷӣ менавиштанд, ки дар Бадахшон гӯё сулҳу ваҳдат нест. Бинобар ин Сарвари муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмон худашон озими ин вилоят шуданд. Баъдан қариб ҳар сол як бору ду бор ба диёри домони гардун сафар мекарданд. Пешвои миллат бо ин амалашон собит намуданд, ки дар ин гӯшаи зебои Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст. Ва бо ҳамин васила дами ҳасудону дурӯғпароканҳо гирифта шуд. Як ҳадафи сафари феълии мо низ дар ҳамин аст, ки дар бораи воқеияти дидаамон нависему пеши роҳи мухолифони идеологиамонро бигирем. Абдулмаҷид Ҳакимзода-директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар бораи “Мақоми ВАО-и электронии ватанӣ дар инъикоси раванди сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ” назару андешаҳояшро ироа дошт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба паҳлуҳои дигари масъала, ки ба тобишҳои жанрию эҷодӣ иртибот мегирад, ҷалб намуд. Мавсуф дар бораи “Нақши публитсистикаи сиёсӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ” изҳори назар намуд. Ӯ аз ҷумла таъкид сохт, ки омили муҳими ташаккули миллат ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар мафкураву ҷаҳонбинӣ ва андешаи инсонҳо ҷой гирифтааст. Фарҳангу адабиёт, матбуот ва дигар васоити ахбори омма аз василаҳои муқтадире мебошанд, ки метавонанд ба фикру андеша, ҷаҳонбинӣ ва рафтори одамон таъсир гузоранд. Ҳамин тавр, расонаҳои хабарӣ ва дар зимн, публитсистикаи сиёсӣ давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он аз воситаҳои муҳиме гардиданд, ки сухани ҳақ ва фикри солимро ба зеҳни аҳли ҷомеа мерасонданд, мардумро бо гузаштаи миллат ошно сохта, онҳоро ба муқаддам донистани манфиатҳои миллӣ ташвиқ менамуданд. Дар ин бобат махсусан нақши устод Садриддин Айнӣ басо барҷаста аст. Мақолаҳои ӯ замоне ба нашр мерасиданд, ки пантуркистон мавҷудияти қавмеро бо номи «тоҷик» инкор намуда, ба таъсиси ҷумҳурии миллии тоҷикон мухолифат нишон медоданд. Устод бо мақолаҳои хеш ба хонанда гузаштаи миллат, адабиёт ва фарҳанги қадимаи онро муаррифӣ мекард, мардумро ба хату савод, нашри рӯзнома ба забони модарӣ ташвиқ менамуд. Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, М. Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Б. Собир, Гулназар, К. Насрулло, Ш. Бунёд, Ашӯр Сафар, Н. Қосим ҳикояву қисса ва романҳои С. Турсун, Ф. Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Сорбон, К. Мирзоев, М. Хоҷаев ва дигар адибони мо низ дар соҳаи публитсистикаи сиёсӣ аз хеш осори хуберо манзур намудаанд. Бобати фароҳам овардани заминаҳои мафкуравӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар боз ҳам метавон ба нақши барҷастаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид варзид. Китобҳои Сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» ва амсоли инҳо, ки баробари асарҳои арзишманди таърихӣ ҳастанд, намунаҳои беҳтарини публитсистикаи сиёсианд, ки хонандаро бо таърихи пурифтихори миллати тоҷик ошно сохта, мушкилот ва гирифториҳои имрӯзи ӯро дар миён мегузоранд ва барои рафъи онҳо изҳори назар мекунанд. Соли 1994 ҳангоме, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, нависандаи маъруф У. Кӯҳзод ба мардум муроҷиат намуда, ҳамватанони азизро аз оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор дода навишта буд: «Ҳоло вақти даъвои «ман нағзу ту ганда», «ман ҳақу ту ноҳақ» нест. Вақти гапгузарӣ нест, вақти қасосгирӣ нест. Вақти он аст, ки ману ту аз як гиребон сар барорем. Ё худ нависандаи соҳибзавқ Ҷонибек Акобир навишта буд: «Ҳадафи дар минтақаҳо доир намудани ҷашни Ваҳдат аз як тараф ба ҳам аз наздик ошно намудани мардум бошад, аз тарафи дигар устуворгардонии пояҳои дӯстиву бародарӣ ва рафоқати байни мардуми ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои кишвар аст». Ба хотири тарғибу ташвиқ ва тасвири андешаҳои ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу оштӣ дар кишвар дар адабиёти давраи Истиқлол жанри публитсистика, ки имкони бештари дар гармогармиаш ба қалам задани мавзӯъҳои доғро дорад, хеле фаъол гардид. Дар ин давра маҷмӯаҳои дастаҷамъонаи шеъру қиссаҳо ба мисли «Таронаи Ваҳдат», «Анҷумани саодат», «Рӯ бо офтоб», «Бист баҳори Истиқлол» нашр гардидаанд. Нақши китобҳое, ки ба таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мафкуравии ин раванд заруранд, низ дар ин давра бисёр муҳим аст. Дар ин росто мо наметавонем аз нашри силсилакитобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» ёдовар нашавем. Ин силсила бо кӯшишу эҳтимоми Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нашр мегардад, ки то имрӯз 25 ҷилди он ба табъ расидааст. Дар ин китобҳо масъалаҳои мухталифи таҳкими ваҳдати миллӣ, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ин раванд, шинохти ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои устувори андешаи миллӣ аз нигоҳи илмӣ баррасӣ мешаванд. Дар ин китобҳо дар баробари дарҷи назарияи ваҳдати миллӣ ҳамчунин татбиқи раванди он дар шаҳру ноҳияҳои мухталиф низ инъикос мегардад. Жанри публитсистика дар нашрияи Ҳаракат, ки бо номи «Ваҳдат» интишор меёбад, вазъи ҳаёти кунунӣ ва умуман тамоми замони навинро ҳамаҷониба ва реалистона инъикос намуда, ба ташаккулу таҳаввули афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, ақоид, майлу рағбати одамон мусоидат намуда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат вазифаи муҳиму тақдирсози сиёсиву ғоявиро ба пуррагӣ анҷом додааст. Хулоса, публитсистикаи сиёсии мо нақши хешро доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии ҷомеа сарбаландона ба ҷо оварда истодааст. Доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Хатлон”Асалмоҳ Сафарова, раиси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, раиси бахши вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҷонибек Қозибеков, директори ТВ “Кӯлоб” Сафаралӣ Бозорзода, директори радиои “Ховар” Сайҷаъфар Ашӯров, раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистон Қурбон Аламшоев зимни музокираҳо ва баёни мулоҳизаҳо ба паҳлуҳои нокушодаи мавзӯи ваҳдат дар расонаҳои иттилоотӣ равшанӣ андохтанд. Зимни ҷамъбасти “Мизи мудаввар” раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бори дигар таъкид намуд,ки воқеан ҳам васоити ахбори омма дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши бориз гузошта метавонад. Мо инро дар ҷараёни конфронси фавқ ба мушоҳида гирифтем. Ҳадафи асосӣ аз он иборат аст, ки ғояи ваҳдат ва ягонагии миллат дар шуури тамоми қишрҳои ҷомеа нуфуз пайдо кунад ва ба ин васила барои сарҷамъии мардуми кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шавад. Агар дар ин амри хайр журналистон заррае ҳам саҳм гузоранд, мо бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки рисолати созандаи худро баҷо оварда истодаем. Усмон Солеҳ, Бахтиёр Ҳамдамов, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.