Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чанд бардошт аз як вохӯрӣ

Чанд бардошт аз як вохӯрӣ

4-03-2016, 09:20
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Чанд бардошт аз як вохӯрӣ
Бо иқдоми роҳбарияти факултети филологияи тоҷик, кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷики ДМТ вохӯрии садорат ва устодони факултет бо донишҷӯён ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Вохӯриро Мисбоҳиддини Нарзиқул, декани факултети филологияи тоҷик ифтитоҳ намуда, атрофи мушаххасоти асосии Паёми имсолаи Роҳбари мамлакат андешаронӣ намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки мо имрӯз дар ҷаҳоне қарор дорем, ки падидаи аср-ҷаҳонишавӣ ҷомеаро фаро гирифтааст ва ин мавзӯъ ҳам дар Паёми Пешвои миллат зикр шудааст. Аз ин рӯ, дар ин ҷараён мо, тоҷикон, бояд ҳувияти миллии худро нигоҳ дошта, барои гузаштаи пурифтихорамонро донистан бештар кӯшиш намоем, инчунин аз воқеияти ҳаёти имрӯз, ки дар як давраи гузариш қарор дорем, бояд дар ҳама маврид масъулиятшинос бошем. Ҳамзамон, ба дурнамои ҳаётан муҳими ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузорӣ кунем.

Ҳафиз Раҳмон, устоди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ атрофи Паёми роҳбари кишвар маърӯзаи муфассал намуда, ҷанбаҳои асосии онро ба тафсил ба донишҷӯён шарҳ дод. Мавсуф, аз ҷумла гуфт: “Паём дар амалияи ҷаҳонӣ ва дар зиндагӣ ба се маънӣ истифода мешавад. Якум, муроҷиати рӯҳониёни баландмартаба бо пайравони худ бо паёме, ки ин дар соҳаи диншиносӣ корбурд мешавад. Дуюм, дар адабиёт шоир ё қаламкаше аз масъалаҳои бунёдии адабиёт тавассути достон ё номаи шеърӣ оид ба ин ё он мавзӯъ масъалагузорӣ мекунад, ки мисоли барҷастаи ин “Паём ба пизонҳо”-и шоири римӣ Гаратси аст. Ва сеюм, муроҷиати сарварони давлатҳо ба мардумонашон. Аз ҷумла Паёми муроҷиатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум аз ҳамин қабил аст”.

Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни устодон ва донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: