Соҳиби аслии хобгоҳ кист?14-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш ба идораи нашрия матлабе ворид гардид, ки дар он нисбати аз хобгоҳи Литсеи касбӣ-техникии сохтмон (ЛКТС)-и шаҳри Душанбе иҷборан берун кардани оилаҳои омӯзгорон гуфта мешуд. Дар он азҷумла омадааст: «Ба мо-омӯзгорон дар хобгоҳи ЛКТС-и шаҳри Душанбе ҷой доданд, чун маоши устодони омӯзишгоҳҳо нокифоя буда, 450-480 сомониро ташкил мекунад. Вале мо, новобаста ба камии маош, дар хобгоҳ ба сар мебурдем ва аз таълиму тарбия дар канор намонда, дар вақти муайян дар дарсҳо иштирок карда, донишу малакаи худро баҳри донишҷӯён сарф мекардем. Аммо аз санаи 10 ноябри соли 2015 моро бо баҳонаи «хобгоҳи ЛКТС-и шаҳри Душанберо таъмир мекунанд» аз ин ҷо берун карданд. Директори Литсей Қ. Латифов чандин маротиба дар маҷлис таъкид кард, ки мо бояд шурӯъ аз 1 декабри соди 2015 хобгоҳро холӣ кунем. Аз ҳамон рӯз дар хобгоҳ додани қувваи барқ ва обро қатъ карданд. Мо-омӯзгорон маҷбур шудем, ки дар гӯшаҳои канории шаҳр иҷоранишин шавем. Нархи иҷора имрӯз 1000-1200 сомонӣ аст, аммо маоши мо 500-700 сомони (дар боло 450-480 сомонӣ навишта шуда буд)-ро ташкил мекунад. Директори омӯзишгоҳ Қ. Латифов гуфт, ки аз моҳи январи соли 2016 мумкин аст, ки таъмирро оғоз мекунанд, аммо аз он то ҳол дараке нест. Мо ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағоева дар ин бобат муроҷиат намуда, аз муовини вазир А.Мирзозода чунин ҷавоб гирифтем; «Дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё аз моҳи январи соли 2016 корҳои таъмиру тармим дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ оғоз мегардад. Хобгоҳ танҳо барои истифодаи хонандагон пешбинӣ шудааст». Аммо муҳтарам А.Мирзозода андеша намекунад, ки омӯзгорони литсеи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе дар фасли зимистон аз хобгоҳ пеш карда шуданд. Заҳмати шабонарӯзии омӯзгоронро дар самти таълиму тарбияи насли наврас нодида мегирад. Агар роҳбар чунин муносибат ба омӯзгорон дорад, чӣ гила аз дигарон…?».
Ҳамчунин дар ин нома гуфта мешавад, ки «хобгоҳи муассисаи мазкур дорои 100 ҳуҷраи зист буда, дар 30 ҳуҷраи он донишҷӯён зиндагонӣ мекунанд. Дар 20 ҳуҷраи хобгоҳ то ин замон омӯзгорон зиндагонӣ карда, дар 50-тои дигараш дигар шахсони ғайр (ки ба омӯзишгоҳ умуман дахле надоштанд) ба сар мебурданд. Дар як моҳ аз ҳисоби хобгоҳ зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ ворид мешуд, вале аз моҳи декабр то моҳи апрел зиёда аз 50 сомонӣ ба буҷаи ин муассисаи таълимӣ зарар расидааст». Барои тафсилоти бештари мавзӯъ ман роҳи ин муассисаи таълимиро пеш гирифтам. Дар сӯҳбат бо ман устодони омӯзишгоҳи мазкур Н.Ниёзов, М. Холов, М.Қурбонов, С.Саидвалиев, А. Шарифова, С.Довудова ва Қ.Гадоалиев тамоми гуфтаҳои дар матлаб зикргардидаро тасдиқ карданд. Барои тафсилоти васеъ ба назди директори муассисаи таълимӣ Қимматшо Латифов даромадам: - Аввалан ин ки аз хобгоҳ баровардани муаллимон ягон чораи сарихудии ман нест, ки онро роҳандозӣ кардаам. Дар ин бора огоҳиномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасти мо расида буд. Ва ин огоҳинома на танҳо ба омӯзишгоҳи мо, балки ба тамоми чунин муассисаҳо дахл дорад. Умуман, мо вазифадор нестем, ки муаллимонро бо ҷойи зист таъмин кунем. Ҳангоми ба кор шурӯъ кардан дар шартномаи меҳнатӣ зикр нагардидааст, ки бояд ба устодони омӯзишгоҳ ҳатман манзил дода шавад. Аввалаш ин ки хобгоҳ танҳо ба хонандагон пешбинӣ шудааст, на барои кормандони муассисаи таълимӣ, - иброз дошт директори муассиса. Бино ба гуфтаи ӯ, кор ба ҳадде расида буд, ки муаллимон то 2-3 ҳуҷраро банд намуда, донишҷӯён маҷбур буданд то 8 нафар дар як ҳуҷра зиндагонӣ кунанд. Ба баъзеи онҳо ҷой ҳам намерасид. Дигарон бошанд, ин ҷо зиёда аз 10-15 сол зиндагонӣ кардаанд ва акнун ин маконро хонаи шахсии худ гумон мекарданд. - Кор ба ҳадди абсурд расида буд-дар ин ҷо одамон ончунон «реша давонда» буданд, ки то ин замон ҳатто духтар ба шавҳар додаву ба писар арӯс меоварданд. Одамони ғайр зиндагонӣ карда, хобгоҳро ба як ҷои «подахорав» табдил дода буданд. Писарҳои тануманди то миён бараҳна миёни донишҷӯён озод дар гаштугузор буда, шахсони шубҳанок доимо дар ин ҷо чарх метаниданд. - Мегӯянд, ки ҳар моҳ ба хазинаи омӯзишгоҳ аз бошандагони он то 10 ҳазор сомонӣ ворид мешуд ва инак то ин замон муассиса зиёда аз 50 ҳазор зарар дидааст… - Ҳамин 10 ҳазор сомоние, ки шумо зикр кардед, ҳамон низ ба пардохти қувваи барқу об ва андозу хидматҳои коммуналӣ сарф мегардид. Зиёда аз ин, зимистон то маблағи қувваи барқ то 17 ҳазор сомонӣ мерасид, ки дар ҳар як ҳуҷра то 2-3 печи электрикӣ истифода бурда мешуд. Яъне, «манфиатовар» будани бошандагони пешини хобгоҳ муҳоботе беш нест. Зарар буду халос-чун аслу насаб ва касбу кори бошандагон муаммо буду ҳар рӯз чеҳраҳои шубҳанок ин ҷо ҷилванамоӣ мекарданд. Худатон фикр кунед-дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ будани чунин вазъ оё қобили қабул аст? - Омӯзгорони муассиаи таълимии шумо, ки ман қаблан бо онҳо сӯҳбат доштам, иброз доштанд, ки омодаанд дар сурати бозгаштани онҳо ба хобгоҳ ҳуҷраҳое, ки пеш дар он мезистанд, аз ҳисоби худашон таъмир кунанд… - Охир чӣ гуна онҳо он чизеро, ки қонунан ба онҳо тааллуқ надорад, онҳо таъмир мекардаанд? Ин як бешармист-такрор мекунам, хобгоҳ қонунан танҳо ва танҳо ба донишҷӯён дахл дорад. Таъмири он тибқи лоиҳа сурат мегирад ва омӯзгорони литсей ба он дахле надоранду кори инҳо ҳам нест. Бино ба қавли Қ. Латифов, ӯ ҳамагӣ 2 сол аст, ки сарварии муассисаи таълимии мазкурро ба дӯши хеш дорад ва то ин замон кори ӯ танҳо ҷорӣ намудани тартибот ва ислоҳи нуқсонҳои пешин будааст: - Тули ин муддат мо ду синфхонаи компютерӣ, майдончаи варзишӣ ба истифода дода, ҳамчунин омӯзиши тамоюлҳои нав-ихтисоси хиштчин, челонгар, сантехник, ороишгари сохтмон, устои барқ, мошинчии кран, ва ҳисобчиро ба роҳ мондем. Аммо қисми зиёди кӯшиши мо барои ҷорӣ намудани тартибот сарф шуд. Пеш ин ҷо 250 нафар таҳсил дошт, акнун мо ҳамасола 475 нафарро қабул мекунем, ки қисми ғолиби онҳо аз минтақаҳои дурдаст буда, албатта, инҳо ба хобгоҳ ниёз доранд, - мегӯяд Қ. Латифов. Барои аз назар гузаронидани вазъи хобгоҳ ман бо коменданти он биноро дидан намудам. Ду корпуси он ҳоло аз ҳам ҷудо карда шудааст, чун донишҷӯёну ашхоси ба муассисаи таълимӣ дахлнадоштаи хобгоҳ ба якдигар «халал нарасонанд». Дар ҳуҷраҳои донишҷӯён тӯли 2 сол, ба қавли директори омӯзишгоҳ, ҳаддалимкон шароити мувофиқи зист муҳайё гардидааст. Аммо чизе, ки дар бинои дигари хобгоҳ ба назар мерасид, ин аз баъзе тирезаи он пойҷомаҳои занона (ба истилоҳ «эзор») ва дигар либос овезон буд, ки ба ин ҷо «ҳусн»-и дигаре зам кардааст. Бино ба гуфтаи коменданти хобгоҳ, ин манзили 5 оилаи боқимондаест, ки ба омӯзишгоҳ ҳеҷ дахле надошта, ин маконро ҳамчун «мероси падарӣ»-и худ қабул доранд ва намехоҳанд ин ҷоро тарк кунанд. Аммо кори инҳо ҳоло дар суд аст ва ба наздикӣ нисбати 2 оила қарори кӯчонидан бароварда шудааст. - Тибқи лоиҳа, хобгоҳ бояд пурра таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шавад. Дар сурати тамоми донишҷӯёни эҳтиёҷмандро бо ҷои хоб таъмин намудан ва ҳуҷраҳои озод мондан мо метавонем, ки муаллимони дар ҳақиқат эҳтиёҷманду ба омӯзишгоҳи мо заруриро дар хобгоҳ ҷойи зист диҳем. Аммо ҳоло ин мавзӯъ танҳо нақшаест, ки дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷраҳои озод дар оянда метавонем мавриди он андеша намоем. Молики асосии хобгоҳ донишҷӯён ҳастанд. Мо кафолати бо ҷойи зист таъмин намудани омӯзгоронро намедиҳем ва ин вазифаю салоҳияти мо низ нест. Умуман, фикри шахсии ман чунин аст, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахт агар ғолибан ашхоси дорои манзили муайяни зист ва қайди шаҳри Душанбе дошта фаъолият намоянд, хубтар мебуд. Шаҳр шаҳр аст ва қонуниятҳои худро дорад-тӯли чанд соле, ки дар он фаъолият дориву ба сар мебарӣ ва натавонистӣ худро бо манзили хеш таъмин намоӣ, бояд ба деҳаи хеш баргардӣ, чун маълум мешавад, дар он ҷо ту заруртарӣ ва қобилияти дар шаҳри калон зиндагониву фаъолият карданро надорӣ. Бале, суханҳои сангин аст, вале чӣ бояд кард-чунин аст қонуниятҳои зиндагӣ. Инро ман кашф накардаам. Барои дар пойтахт зистан ва фарзандони худро дар рӯҳияи мутамаддини шаҳрдорӣ тарбия намудану аз ҷиҳати маишӣ пурра таъмин намудан қобилияту истеъдод даркор аст. Баъдан, ин ҷо касеро айбдор намудан камоли бехирадист. Ҳама ҷо тартибот ва қонунияти худро дорад,-мегӯяд сарвари муассиса. Директори омӯзишгоҳ мегӯяд, ки оид ба огоҳиномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимӣ маҷлис гузаронида шуд ва тамоми муаллимону кормандон бо мӯҳтавои он шинос шудаанд. Сипас Қ. Латифов ба ман нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, ки дар огоҳиномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зери имзои муовини вазир А.Мирзозода омадааст (иқтибосан): «Дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон» дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ибтидо аз моҳи январи соли 2016 корҳои таъмиру тармимӣ дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи муассисаҳои мазкур оғоз мегардад. Яке аз талаботи лоиҳаи мазкур ин пурра аз ашхоси бегона, инчунин кормандони литсей холӣ намудани хобгоҳ ва дигар биноҳои муассисаҳои таълимӣ берун аз таъинот истифодашуда мебошад. Бинобар ин, бо назардошти он, ки бинои хобгоҳ танҳо барои истифодаи хонандагон пешбинӣ гардидааст, муассиаи таълимӣ имконияти бо хобгоҳ таъмин намудани кормандонро надорад.» Чунин огоҳинома на танҳо ба муассисаи мазкур, балки ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникии кишвар равона карда шудааст. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдусалом Мирзозода дар сӯҳбат бо ман қайд кард, ки ин аъмоли омӯзгорон боиси тааҷҷуб аст, чун дар шартномаи меҳнатии онҳо бо манзили зист таъмин намудан сухане гуфта нашудааст: - Лоиҳа тасдиқ шудааст ва корҳо низ оғоз гардидаанд. Аз соли гузашта ин барнома шурӯъ гардидааст. Мо ба тамоми муассисаҳои таълимии касбӣ огоҳинома фиристодем, ки то моҳи апрели соли 2016 хобгоҳҳои ин муассисаҳо аз ашхоси дигар, ғайр аз донишҷӯён холӣ карда шаванд. Оре, ман хабар дорам, ки баъзе омӯзгорон норозӣ шудаанд, ки инҳоро гӯё «аз манзил маҳрум карданианд». Манзиле, ки умуман ба онҳо дахл надорад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳоди дахлдор аз ин қазия огоҳ ҳастанд ва баҳои худро додаанд ва санҷиши худро низ роҳандозӣ мекунанд. Аз рӯйи аъмоли ҳамин гуна ашхос масалан, танҳо ба муассисаи таълимии касбии ноҳияи Шаҳристон 2 миллион сомонӣ зарар расидааст, ки он ҷо ҳам як нафар хобгоҳро тарк карданӣ набуд ва корҳои таъмирӣ саривақт шурӯъ нагардиданд. Тӯли даврони истиқлолият дар ин самт кор ба фалаҷ расида буд, ки чунин афрод ғайриқонунӣ даҳсолаҳо дар хобгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ ба сар мебурданд. Соҳиби аслии ин хобгоҳҳо на донишҷӯён, балки дигарон шуда буданд, ки ин дар дойираи шуур намеғунҷад. Акнун бас аст, бояд ҳама чиз дар чаҳорчӯбаи муайяни худ қарор бигирад. Дар ин қазия мо андешаи ду ҷонибро шунидем- аввалан, омӯзгороне, ки аз дастрасӣ ба хобгоҳи ройгон маҳрум шудаанду маҷбур ҳастанд, ки акнун дар иҷора ба сар бубаранд ва ин зарбаи сахте ба некӯаҳволии онҳо задааст. Дуввум, директори литсеи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Душанбе Қимматшо Латифов аст, ки такя ба қонун амал кардааст - ҳар ду ҷониб ҳоло эҳсосист ва ақидаи худро ҳифз карданист. Қазоватро ба мақомоти дахлдор ва хонандагон месупорем. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.