Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Файзобод - дар минтақа пешсаф

Файзобод - дар минтақа пешсаф

9-11-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 446 нафар
Назарҳо: 0
Файзобод - дар минтақа пешсаф Маъракаи обуна ба нашрияҳои расмию мустақил ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла рӯзномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар саросари мамлакат вусъат пайдо карда истодааст. Барои ташкили обуна ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ, фаъолон ва алоқамандон сафарбар шудаанд, ки онҳо дар байни мардум моҳияти васоити ахбори оммаро ҷиҳати инъикоси рӯйдоду воқеаҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон фаҳмонда, аҳамияти ахбору матолиби нашрияҳоро дар мавриди ташаккули афкори омма шарҳу эзоҳ медиҳанд.
Комиҷроияҳои ҳизбие, ки дар ин самт корашонро дуруст роҳандозӣ намудаанд, дар маъракаи муҳими сиёсӣ-обуна кардани мардум ба комёбиҳо ноил гашта истодаанд. Дар ин бобат фаъолияти хуби ташкилоти ҳизбии ноҳияи Файзободро зикр намудан ба маврид аст, ки дар минтақаи водии Ҳисор аввалин шуда, нақшаи шартии обуна ба «Минбари халқ»-ро муваффақона ба иҷро расонд. Созмонҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар маҷмуъ то имрӯз ба 405 нусха ҳафтаномаи мазкур обуна шудаанд, ки нишондиҳандаи хуб аст.
Дар маъракаи муҳими обуна ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод (раиси созмони ибтидоии ҳизбияш А. Шоев), Вашгирд (М. Шарифова), Қалъаи дашт (А. Саидов), КВД «Лоиҳакаш» (Н. Давлатов), Беморхонаи ноҳиявӣ (Ф. Зубайдов), ҶДММ «Мурғи ҳилол» (И. Ғуломов), шуъбаи фарҳанг (Ҳ. Мирзошарифов), Дармонгоҳи марказӣ (М. Мирзоев) ва дигарон ҳар кадом аз 10 то 100 нусхаӣ ба нашрияи дӯстдоштаашон обуна гардиданд.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов зимни суҳбат иброз дошт, ки бо мақсади ташкили муваффақонаи маъракаи обуна ҳанӯз дар моҳи августи соли равон дар назди комиҷроия ситод ва гуруҳи махсуси таблиғотчиёнро созмон дода, дар миёни коллективҳои меҳнатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассисаҳои мактабу маориф, тандурустӣ ва фарҳанг корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем. Шумораҳои тозанашри «Минбари халқ»-ро муаррифӣ карда, хабару мақолаҳои онро тавзеҳ менамудем. Дар атрофи матолиби муҳиму проблемавӣ ва таҳлилии он маҳфилҳо меоростем. Махсусан маводҳои ҳизбии онро хонда, баҳсу музокираҳо анҷом медодем. Дар натиҷаи ин кори мо пешрав шуд. Хоҳишмандони обуна ба нашрияи ҳизбӣ беш аз пеш афзоиш ёфт. Ҳоло ҳам нафарони зиёде аз ҷумлаи ҳизбиён ва нафароне, ки узвияти ҳизбро надоранд, ба мо муроҷиат мекунанд, ки ҷиҳати обуна ва дастрас намудани он кӯмак расонем.
Дар шароити ҳозира хусусан дар деҳот на ҳама ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд. Бинобар ин рӯзномаҳо воситаи хуби огаҳӣ аз рӯйдоду воқеаҳо мебошанд. Умуман ҳоло бидуни иттилоот зистан мушкил гаштааст. Мардуми ноҳияи мо бисёр мехоҳанд, ки бо нашрия робита ва ҳамкорӣ дошта бошанд. Фикру назарашонро дар васоити ахбори омма ба нашр расонанд. Бо иштироки роҳбарони нашрия ва мухбирони «Минбари халқ» маҳфилу конфронсҳо доир кунанд, афзуд, раиси комиҷроия А. Азизов.
Зимнан, мазмуну мундариҷаи нашрияи ҳизбӣ «Минбари халқ» дар ин авохир беҳбуд ёфтааст. Дар он дар бораи рӯйдодҳои ҳизбӣ дар саросари мамлакат, воқеаҳои муҳими ҷумҳурӣ ва ҷаҳон иттилоъ чоп карда мешавад, ки омили асосии огаҳии мардум мебошад. Хусусан мақолаҳо дар бораи проблемаҳои доғи кишвар ва нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Ҳамзамон ба мушоҳида мерасад, ки дар саҳифаҳои нашрия хабару мақолаҳои фароғатӣ ва маводҳое ба табъ мерасанд, ки ҷолибу шавқовар ҳастанд. Ҳамаи ин омилҳо имкон медиҳад, ки сафи хонандаҳои ҳафтанома сол то сол афзоиш ёбад.
©Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: