Мо ҷавонони фаъолем18-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич бахшида ба истиқболи иди Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шӯъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия барномаи ҳаҷвии дастаи «Ганчи сити» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин гуна чорабинӣ пайдо намудани лаёқатмандон ва дастгирии онҳо, баланд бардоштани савияи донишу маҳорат ва равнақ додани эҷодиёташон мебошад. Дар байни ҷавонон пойдор намудани дӯстиву рафоқат нисбати ҳамдигар ва тарбияти онҳоро равона кардан ба сӯйи ватандӯстиву хештаншиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ аст.
Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии №1 ва №51 ширкат варзида бо саҳначаву суруд, ҳазлу шӯхиҳои омодакардаашон ҳамаи тамошобинонро болидахотир карданд. Хусусан барномаҳои Муллоев Беҳрӯз, Ҳасанов Фаррух, Ҳамдамов Достон, Талбаков Аъзам ба ҳамагон писанд омад. Дар охир муовини Раиси ноҳия, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Рафоат Каримова барои иштироки фаъолонаву зираконаи хонандагон миннатдорӣ баён намуда, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.